АНОНС
– Дар толори Иттифоқи нависандагони кишвар Намоишгоҳи байнулмилалии китоб доир мегардад;
– Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Дораи» Хеврон бо мунтахаби Фаластин бозии дӯстона баргузор мекунад. Оғози бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе;
– Дар маҷмааи нави савдои «Пойтахт-90» Иди асалу харбуза барпо мешавад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8685 сомонӣ;
1 евро – 8.7860 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1186 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1936 – Таъсиси унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС»
1934 – Дар Душанбе муассисаи беруназмактабии Стансияи техникҳои ҷавон кушода шуд.
1940 – Сохтмони Шоҳроҳи Бузурги Помир ба итмом расид.
1968 – Ифтитоҳи Даҳаи адабиёту фарҳанги ӯзбек дар Тоҷикистон.
1999 – Дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.
2006 — Дар Душанбе Маркази илмӣ-тадқиқотии омӯзиши тоҷикони ҷаҳон ифитоҳ шуд.
2006 — Шумораи нахустини маҷаллаи давлатии сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» ба табъ расид.
2007 — Ба муноисбати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои ҷашнӣ баровард.
2011 — Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои баландтарин дар шаҳри Душанбе – маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» ҳусни оғоз бахшид.
1934 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Набиҷон Ҳамидов.
1937-2004 – Мавлуди дипломат ва арбоби давлатӣ Ғарибшо Шаҳбозов.
1937 – Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Анвар Баротов.
1949 – Мавлуди журналист Олимҷон Ёрасенов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +7+12.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.


