Оғози лоиҳаи нави USAID ҷиҳати коҳиши ВНМБ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар бораи оғози лоиҳаи пешсафи USAID бар зидди ВНМБ (вируси норасоии масунияти бадан) дар Осиёи марказӣ эълон намуд. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба муддати панҷ сол пешбинӣ шуда, дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои гирду атрофи он ва вилояти Суғд амалӣ хоҳад гардид. Сафири ИМА Элизабет […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар бораи оғози лоиҳаи пешсафи USAID бар зидди ВНМБ (вируси норасоии масунияти бадан) дар Осиёи марказӣ эълон намуд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ба муддати панҷ сол пешбинӣ шуда, дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои гирду атрофи он ва вилояти Суғд амалӣ хоҳад гардид. Сафири ИМА Элизабет Миллард ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба маросими ифтитоҳи лоиҳа ҳусни оғоз бахшиданд. Қобили зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳ шахсони мансабдори ҳукумат, намояндагони донорҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок доштанд.

Фаъолияти лоиҳаи пешсафи USAID бар зидди ВНМБ дар Осиёи марказӣ оиди мубориза бо ВНМБ, ки тавассути нақшаи фавқулодаи Президенти ИМА барои кӯмак доир ба АНМБ (Аломати норасоии маснияти бадан ), (PEPFAR) (ВИЧ/СПИД) маблағгузорӣ мешавад, ба наҷоти ҳаёти одамони гирифторони ВНМБ/АНМБ дар саросари ҷаҳон равона шудааст. Ҳадафи аз татбиқи лоиҳа коҳиш додани шумораи сирояти ВНМБ ва ҳолатҳои марг марбут ба ВНМБ дар кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур иҷрои чорабиниҳо оид ба пешгирии ВНМБ, нигоҳубин ва табобати сироятшудагон пешбинӣ шудааст, ки дар мутобиқат бо ҳадафҳои “90-90-90”-и барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМБ/АНМБ-ро сурат мегирад:  яъне то соли 2020 90%-и ҳамаи шахсоне, ки бо ВНМБ зиндагӣ мекунанд, дар бораи вазъи сирояти ВНМБ-и худ огоҳ мешаванд, 90%-и ҳамаи шахсони мубталои ВНМБ аз табобати антиретровирусии устувор мегузаранд ва байни 90%-и ҳамаи шахсоне, ки табобати антиретровирусӣ мегиранд, коҳишёбии вирус мушоҳида хоҳад гардид.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои камшумори ҷаҳон аст, ки сол аз сол шумораи ҳодисаҳои нави сироятшавии ВНМБ афзоиш меёбад. Ҳарчанд ки ВНМБ асосан дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо хатари баланди сироятшавӣ паҳн мешавад, рушди босуръати он ба тамоми аҳолӣ таҳдид мекунад. Бино ба иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо АНМБ дар соли 2015 дар Тоҷикистон 7709 гирифторони ВНМБ расман ба қайд гирифта шуданд.

Дар чорчӯбаи лоиҳаи нав барои муайян кардани ҳодисаҳои нави ВНМБ ва табобати он тарзи навоварона, ки дар шарикӣ асос ёфтааст, истифода хоҳад шуд. Дар рафти татбиқи лоиҳа шахсоне, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд ва мубталои ВНМБ ҳастанд, ба гузаштан аз санҷиш барои муайян кардани вазъи сирояти ВНМБ фиристода мешаванд. Дар доираи лоиҳа усули наву осони гузаронидани санҷиш ҷорӣ карда мешавад, ки дар асоси он аз одамони санҷишгузаранда намунаи оби даҳон гирифта мешавад.

Инчунин лоиҳаи мазкур бо ташкилотҳои ҷамоатӣ барои дуруст ба роҳ мондани кор бо мубталоён ва дастгирии ниёзмандон барои риояи низоми табобат ҳамкорӣ хоҳад кард.

USAID муассисаи пешбари ҳукумати ИМА маҳсуб ёфта, фаъолияти он ба рафъи камбизоатии шадид дар саросари ҷаҳон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди ҷомеаи пойдору демократӣ дар тамоми кишварҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани зарфияташон равона шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.