Ҳайати Тоҷикистон машварати САҲА дар Варшаваро тарк кард

Бинобар сабаби дар машварати САҲА оид ба чеанаки инсонӣ дар Варшава ба ҳузури фаъолони ҲНИТ ва «ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта» роҳ додан, ҳайати Тоҷикистон ин машваратро тарк кард. Дар изҳороти ҳайати Тоҷикистон, ки дар сомонаи САҲА мунташир шудааст, гуфта мешавад, роҳ додани ҷинояткорон ба машваратҳои ҳамасолаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният […]

Asia-Plus

Бинобар сабаби дар машварати САҲА оид ба чеанаки инсонӣ дар Варшава ба ҳузури фаъолони ҲНИТ ва «ҷинояткорони мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарордошта» роҳ додан, ҳайати Тоҷикистон ин машваратро тарк кард.

Дар изҳороти ҳайати Тоҷикистон, ки дар сомонаи САҲА мунташир шудааст, гуфта мешавад, роҳ додани ҷинояткорон ба машваратҳои ҳамасолаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) нуфузи ин созмонро коста гардонида, ба муколамаи созанда дар доираи машварат мусоидат намекунад. «Аз ин рӯ, ҳайати мо иштироки минбаъдаи худ дар кори ин машваратро ғайриимкон мешуморад», – омадааст дар изҳорот.

«Изҳороти ин шахсон дар бораи таъқиб шуданашон аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ беасос буда, аз вазъ ва машварати САҲА суиистифода мекунанд. Аён аст, ки ҳадафи онҳо бадном кардани ҳукумат ва худро ҷабрдидаи поймолкунии ҳуқуқи инсон вонамуд кардан буда, бо ин васила мехоҳанд дастгирии сиёсӣ ёбанд ва барои иқомати доимӣ дар Аврупо иҷоза бигиранд», – зикр мегардад дар изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.