Шукурҷон Зуҳуров нозукиҳои кор бо грантдеҳонро шарҳ дод

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров тавсия дод, ки воситаҳои аз ҷониби грантдеҳон пешниҳодшуда самаранок истифода шаванд, то ки минбаъд низ дастгирии онҳо идома ёбад. Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ рӯзи 5 октябр Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ […]

Пайрав Чоршанбиев

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров тавсия дод, ки воситаҳои аз ҷониби грантдеҳон пешниҳодшуда самаранок истифода шаванд, то ки минбаъд низ дастгирии онҳо идома ёбад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ рӯзи 5 октябр Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, бемории сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон», ки ахири соли гузашта ба имзо расида буд, тасдиқ шуд. Дар ин санад ба Тоҷикистон ҷудо шудани беш аз 4,6 млн. доллари ИМА пешбинӣ мешавад.

Ба қавли роҳбари лоиҳа Муродалӣ Рӯзиев, татбиқи лоиҳа аллакай оғоз гардида, ҳудуди 80% аз ҳаҷми умумии воситаҳо барои харидории дастгоҳу доруворӣ ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла беш аз 1,5 млн. доллари ИМА – ба харидории таҷҳизот, 1,6 млн. – ба харидории доруворӣ, 800 ҳазор – ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони ин соҳа масраф мегардад ва боз 600 ҳазор доллари ИМА дар банди «хароҷот барои амалисозии лоиҳа» қарор дорад.

Дар ин робита раиси палата Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки дар доираи лоиҳа харҷи зиёда аз 1 млн. доллари ИМА барои дастрасии асбобу лавозимоти дуюмдараҷа, аз ҷумла кирояи мушвоирон, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон ва ғайра пешбинӣ мешавад.

«Эҳтиёткор бошед. Аз харидории чизҳои гуногун, масалан автомашинаҳо, асбобу лавозимоти нозарур барои кабинетҳои худ худдорӣ намоед. Ҳарчанд бо шумо намояндаи созмон ҳамроҳ кор кунад ҳам, грантдеҳон ба ин масъалаҳо аҳамият медиҳанд ва шумо бидуни розигии онҳо воситаҳоро масраф карда наметавонед», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Аслиддин Раҷабов, тайи 10 соли ахир шумори гирифторон ба бемории сил дар ҷумҳурӣ 16% ва сатҳи маргу мир аз ин беморӣ – 50% кам шудааст.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки айни замон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил амал мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.