Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд; – Дар Душанбе семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯи «Роҳу воситаҳои мушкилоти тундгароӣ ва ифротгароии зӯроварона – нигоҳе аз Осиёи Марказӣ» ба кори худ идома медиҳад, ки дар доираи Ҳафтаи Аврупо ташкил шудааст; – Дар маркази фарҳанги «Бохтар» […]

Asia-Plus

АНОНС

– Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон меояд;

– Дар Душанбе семинари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯи «Роҳу воситаҳои мушкилоти тундгароӣ ва ифротгароии зӯроварона – нигоҳе аз Осиёи Марказӣ» ба кори худ идома медиҳад, ки дар доираи Ҳафтаи Аврупо ташкил шудааст;

– Дар маркази фарҳанги «Бохтар» Ярмаркаи маърифатӣ доир мегардад, ки дар он ду маърӯза дар мавзӯъҳои «Таълим онлайн дар Аврупо» ва «Таърихи Аврупо» маърӯзаҳо пешкаш карда мешаванд. Оғоз соати 10-00;

– Дар Театри давлатии академии опера ваб алети ба номи С.Айнӣ операи Д.Дӯстмуҳаммедов «Қишлоқи тиллоӣ» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 16-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8747 сомонӣ;

1 евро – 8.7228 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1227 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1492 – Колумб Амрикоро ифтитоҳ намуд, ҳарчанд гумон мекард, ки ба соҳилҳои Ҳиндустон расидааст.

1933 – Дар Душанбе Боғи ботаникӣ (феълан Боғи Ирам) кушода шуд.

1960 — Дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк Никита Хрушёв ба нишони эътироз алайҳи интиқоди Иттиҳоди Шӯравӣ пойафзоли худро кашида, бо он ба миз задан гирифт.

2010 — Дастаҳои мусаллаҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Мулло Сайриддин иборат аз 27 нафар таслим ва ба сафи нерӯҳои ҳукуматӣ пайвастанд.

2011 — Парлумон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи коррупсия» тағйирот ворид намуд, ки мутобиқи он минбаъд ба роҳбарони корхонаву идораҳои давлатӣ ба кор гирифтани домод ва келинҳо манъ шуд.

2011 — Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров аз олам даргузашт.

1873-1958 – Зодрӯзи муаррих, академики АИ Тоҷикистон Александр Семёнов.

1902 – 1973 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон, муаллифи китоби «Нисо» Павел Лукницкий.

1912-1975 – Зодрӯзи оҳангсоз Михаил Муравен.

1922 – Мавлуди доктори улуми таърих Ҳамид Гадоев.

1944 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Ғиёсиддин Мироҷев.

1953-2007 – Мавлуди оҳангсоз Талабхӯҷа Сатторов.

1954-2000 – Зодрӯзи нависанда Искандари Хатлонӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +3+8, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +18+20.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер