Назарпурсӣ: Аксари русиягиҳо мухолифи раванди муҳоҷиратанд

Аксари русиягиҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат бояд вуруди муҳоҷирон ба кишварро маҳдуд созад. Бино ба маълумоти бадастомада аз назарсанҷии маркази таҳлилии «Левада», аз се ду ҳисса (66%)-и пурсидашудагон ҷонибдори ин мавқеъ буда, камтар аз чоряки онҳо (23%) бар ин ақидаанд, ки ҳукумат бояд ҳамаи монеъаҳои вуруду кор ба муҳоҷиронро аз байн бурда, ин вазъро […]

Asia-Plus

Аксари русиягиҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат бояд вуруди муҳоҷирон ба кишварро маҳдуд созад.

Бино ба маълумоти бадастомада аз назарсанҷии маркази таҳлилии «Левада», аз се ду ҳисса (66%)-и пурсидашудагон ҷонибдори ин мавқеъ буда, камтар аз чоряки онҳо (23%) бар ин ақидаанд, ки ҳукумат бояд ҳамаи монеъаҳои вуруду кор ба муҳоҷиронро аз байн бурда, ин вазъро ба нафъи кишвар истифода кунад.

Ҷомеашиносон ҳамчунин доир ба соли ахир кам ё зиёд шудани муҳоҷирон аз русиягиҳо пурсон шуда, маълум шудааст, ки садҳо ҳазор нафар муҳоҷирон асосан аз Осиёи Марказӣ баъди поинравии қурби рубл бозгашт ба ватанашонро афзал донистаанд.

Зимни посух ба ин савол 43% бобати тағйир наёфтани вазъ тайи 2 соли ахир, 42% – дар бораи афзудани сафи муҳоҷирон ва ҳамагӣ 7% роҷеъ ба коҳиши шумори муҳоҷирон ибрози назар карда, танҳои 12%-и русиягиҳо чунин мешуморанд, ки раванди муҳоҷират ба нафъи Русия аст.

Миёни пурсидашудагон 39% муҳоҷиратро омили тахриби фарҳанги русиягӣ дониста, 51%  бар ин назаранд, ки он ба рушди иқтисод мусоидат намекунад ва 64% онро сабаби афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ шумурда, 64% посух додаанд, ки онҳо ҷойҳои кории русиягиҳоро ишғол мекунанд.

Ҳамагӣ 2% ва 3%-и пурсидашудагон эътироф кардаанд, ки нисбати шаҳрвандони кишварҳои ҷануби дар паҳлӯяшон иқоматдошта ҳусни эҳтирому самимият эҳсос мекунанд. 15% аз муҳоҷирон ба қаҳру ғазаб омада, 18% ба онҳо кинаву адоват мепарваридаанд ва 5% аз онҳо ҳарос доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, беш аз нисфи русиягиҳои ба назарсанҷӣ фарогирифта (52%) аз шиори «Русия барои русҳо» ҷонибдорӣ намуда, 38% изҳор доштаанд, ки «хуб мешуд, агар ин иқдом амалӣ мешуд, вале дар ҳудудҳои қобили мулоҳиза» ва 14% чунин ибрози андеша кардаанд, ки «ин шиор бояд кайҳо амалӣ мешуд». Танҳо 12% изҳор намудаанд, ки «ин ақида фашистӣ аст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.