Спитамен Бонк: бароҳатии мизоҷон муҳим аст!

Ҳамаи мо мехоҳем, ки хизматрасонӣ дастрасу дорои сифати хуб бошад ва вақти зиёдро талаб накунад. Дар соҳаи қарздиҳӣ низ, мизоҷон мехоҳанд, қарзҳо дастрас бошанду хизмат дар сатҳи баланд расонида шавад ва раванди қарзгирӣ дер давом накунад. Муҳимии омили вақтро ба назар гирифта,  барои сарфа намудани вақти мизоҷон ҳангоми қарзгирӣ, Спитамен Бонк  барои гирифтани қарз он-лайн […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳамаи мо мехоҳем, ки хизматрасонӣ дастрасу дорои сифати хуб бошад ва вақти зиёдро талаб накунад. Дар соҳаи қарздиҳӣ низ, мизоҷон мехоҳанд, қарзҳо дастрас бошанду хизмат дар сатҳи баланд расонида шавад ва раванди қарзгирӣ дер давом накунад.

Муҳимии омили вақтро ба назар гирифта,  барои сарфа намудани вақти мизоҷон ҳангоми қарзгирӣ, Спитамен Бонк  барои гирифтани қарз он-лайн дархостро ҷорӣ намуд. Акнун  барои фаҳмидани шартҳои қарз ва интихоб кардани маҳсулоти қарзӣ ба бонк омадан зарур нест. Дар сомонаи Бонк (www.spitamen.com) пур кардани онлайн дархост барои қарз кофӣ аст. Пур кардани ин дархост хеле осон буда, вақти зиёд намегирад. Дар бораи ному насаб, рақами телефон ва шаҳри худ маълумот додан кифоя аст! Тавре, ки мебинед, ин хеле оддист!

 Баъд аз равон кардани дархост, мутахассисони  Спитамен Бонк бо Шумо тамос гирифта, маълумоти заруриро пешниҳод мекунанд ва дар бораи қадамҳои минбаъда маслиҳат медиҳанд.

Роҳбарияти Спитамен Бонк боварӣ дорад, ки содда кардани дастрасии мизоҷон ба захираҳои молиявӣ ва ихтисоркунии монеаҳо дар ҳамкорӣ бо бонкҳо имконият медиҳад, сифати хизматрасонӣ ба таври назаррас баланд бардошта шаваду  ва боварии мизоҷон ба соҳаи бонкдорӣ тақвият  бахшад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.