ФФТ беҳтаринҳои мавсими соли 2016-ро эълон кард

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтаринҳои мавсими соли 2016-ро эълон кард. Дар ин маросим Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натиҷаҳои мавсими имсола гузориш дод. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҷоизаи “Беҳтарин бозигари соли 2016” мукофотонида шуд. Зимнан, Ҷалилови 26-сола, ки ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон аст, бори […]

Радиои Озодӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтаринҳои мавсими соли 2016-ро эълон кард. Дар ин маросим Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натиҷаҳои мавсими имсола гузориш дод.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҷоизаи “Беҳтарин бозигари соли 2016” мукофотонида шуд. Зимнан, Ҷалилови 26-сола, ки ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон аст, бори дувум пайиҳам ба ин ҷоиза муваффақ мешавад.

Гуфта мешавад, ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои дигар низ дар риштаҳои футбол ва футзал ҷоизаҳои ФФТ тақдим гардид.

Лауреатҳои мавсими футболи соли 2016 дар Тоҷикистон:

Беҳтарин бозигар байни кӯдакон (U-13) – Салоҳиддин Иргашев («Солор»);

Беҳтарин бозигар байни кӯдакон (U-15) – Абдузоҳид Каримов (РШВСМ);

Беҳтарин бозигар байни наврасон (U-17) – Шаҳзод Раҷабов («Истиқлол»);

Беҳтарин бозигар байни ҷавонон (U-19) – Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»);

Беҳтарин мураббии кӯдакон – Исмоил Саидов («Авиатор»);

Ҷоизаи «Чеҳраи сол» – Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»);

Беҳтарин футболбоззан – Шукронаи Ҷумъахон («Ласточка»);

Беҳтарин мураббии футзал – Хуршед Пиров («Газпром»);

Беҳтарин бозигари футзал – Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»);

Довари ояндадор – Вафо Қараев (Шаҳринав);

Беҳтарин бозигари дублёрҳо – Шериддин Бобоев («Истиқлол»);

Беҳтарин мураббии мусобиқаи дублёрҳо – Олим Қадамшоев (ССКА «Помир»);

Беҳтарин бозигари лигаи аввал – Абдухалил Боронов («Панҷшер»);

Беҳтарин мураббии лигаи аввал – Тухтабой Абдураҳимов («Панҷшер»);

Беҳтарин бозигари сол – Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.