Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни натиҷагирӣ аз ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар соли 2025, дар бораи зарурати ислоҳот дар низоми идоракунии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар ба “Азия-Плюс” изҳори назар кард. Ба гуфтаи Латифов, соли 2025 варзишгарони тоҷик дар як қатор мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас даст […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни натиҷагирӣ аз ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар соли 2025, дар бораи зарурати ислоҳот дар низоми идоракунии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар ба “Азия-Плюс” изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Латифов, соли 2025 варзишгарони тоҷик дар як қатор мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас даст ёфтанд. Аз ҷумла, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудо ва муштзании ҷаҳон онҳо ба сурати умум панҷ медал ба даст оварданд, ки яке аз натиҷаҳои беҳтарини варзиши ватанӣ дар мавсим мебошад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон моҳи июн дар Будапешт (Маҷористон) намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти се медал: нуқра дар вазни то 66 кг (Эмомалӣ Нуралӣ), ва 2 медали биринҷӣ – дар вазни то 66 кг (Обид Ҷебов) ва вазни зиёда аз 100 кг (Темру Раҳимов) ноил гардиданд.

Боз ду медалро варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзанӣ (бокс) миёни мрадон моҳи декабр дар Дубай (АМА) ба даст оварданд. Дар вазни то 57 кг Хусравхон Раҳимов медали нуқра ва дар вазни то 60 кг Акмал Убайдов медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, Латифов хотиррасон намуд, ки тайи 30 соли ахир ҳеҷ яке аз варзишгарони Тоҷикистон ба дарёфти медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпии варзиш даст ёфта натавонист. Чунин дастоварди ахир соли 1995 ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон гурзпарто Андрей Абдувалиев дар Гётеборг (Шветсия) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуд.

Дар ин робита Нарзулло Латипов доир ба як қатор пешниҳодҳо изҳори назар кард, ки ба рушди соҳаи тарбияи ҷисонӣ ва варзиш дар кишвар равона шудаанд.

Аввалан ӯ пешниҳод намуд, ки низоми амалкунандаи идоракунии соҳа аз ҷониби давлат бозбинӣ шавад ва зикр кард, ки табдили Кумитаи пешинаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба самаранокии фаъолият, бахусус дар сатҳи шаҳру навоҳӣ, таъсири манфӣ расонид. Ба қавли ӯ, соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад.

Сониян, Латипов баргардонидани шакли пешинаи кори Шӯро оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро, ки он замон онро сарвазири Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, мувофиқи мақсад медонад. Ӯ таъкид дошт, ки ба ҳайати Шӯро бояд роҳбарони вазоратҳои калидии вазорату идораҳои дахлдор, инчунин раисони минтақаҳо шомил бошанд.

Дар идома ӯ пешниҳод намуд, ки дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм раёсат ё шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шавад. Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дубора барқарор намудани фаъолияти қисмате аз мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон, инчунин ба тобеъияти вазорати мазкур додани Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ зарур аст.

Дар робита ба масъалаи омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес Латифов таҳияи барномаи махсуси давлатӣ, таъмини маблағгузории кофии соҳа аз ҳисоби воситаҳои буҷет ва сарпарастон, дар фурсатҳои кӯтоҳтарин таъсис додани Маркази олимпии омодагӣ дар кишварро пешниҳод кард. 

Қобили зикр аст, ки бори аввал нест, ки Нарзулло Латифов доир ба ҷудо кардани соҳаи варзиш аз сиёсати ҷавонон изҳори назар мекунад. Моҳи феврали соли 2016 ӯ аллакай чунин пешниҳодро изҳор ва зикр карда буд, ки муттаҳид сохтани соҳаи варзиш бо сохтори ҷавонон ва сайёҳӣ ба поин рафтани мақоми соҳа ва заъиф гардидани низоми идоракунии он оварда расонид. Баъди як соли чунин изҳорот соҳаи сайёҳӣ ба сохтори алоҳида табдил дода шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2026

Аз ҷорӣ гардидани хати лотинӣ дар Тоҷикистон то зодрӯзи Садриддин Айнӣ ва Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.