Тоҷикистон ва Афғонистон. Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи равобити кунуниро шарҳ дод

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар дар робита ба муносибати Тоҷикистон бо Афғонистон гуфт, кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон бо такя ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ ҳамкориро бо ин кишвари ҳамсоя ба роҳ мондааст. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон фаъолияти бозорҳои наздимарзиро бо Афғонистон барқарор карда, интиқоли нерӯи барқро идома медиҳад. Ҳамчунин, вазир таъкид […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар дар робита ба муносибати Тоҷикистон бо Афғонистон гуфт, кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон бо такя ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ ҳамкориро бо ин кишвари ҳамсоя ба роҳ мондааст. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон фаъолияти бозорҳои наздимарзиро бо Афғонистон барқарор карда, интиқоли нерӯи барқро идома медиҳад.

Ҳамчунин, вазир таъкид кард, ки гардиши молу маҳсулоти дуҷониба тамоюли афзоиш дошта, соли гузашта ҳаҷми он беш аз 110 миллион долларро ташкил додааст.

“Мо бар ин назарем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол ҳақ дорад сиёсати худро мутобиқи манфиатҳои миллии худ пеш барад. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки бисёр кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, низ бо ин кишвари ҳамсоя бо такя ба манфиатҳои миллии худ ҳамкориро ба роҳ мондаанд”, – изҳор дошт ӯ.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, Тоҷикистон ҳамкории ҳар давлатеро, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа равона шудааст, истиқбол мекунад.

“Бо дарназардошти вазъи мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодии кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон ҳамеша ҷомеаи байналмилалиро даъват мекунад, ки Афғонистонро бо мушкилоти зиёде, ки имрӯз рӯ ба рӯст, танҳо нагузорад”, – таъкид кард ӯ.

Вазир ёдовар шуд, ки солҳои 2024–2025 пас аз зилзилаи харобиовари дар ин кишвар рухдода, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии беш аз шаш ҳазор тонна молу маҳсулоти зарурӣ кумаки башардӯстона ба Афғонистон ирсол кардааст.

 

“Мавқеи мо нисбат ба Афғонистон устувор аст. Мо мехоҳем Афғонистонро кишвари амну босубот, сулҳомез ва шукуфон бубинем”, – хулоса кард ӯ.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, соли гузашта, Сироҷиддин Муҳриддин бори аввал бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии Толибон дар пайи ҳамлаҳо ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистон ва кушта шудани 5 шаҳрванди Чин телефонӣ суҳбат кард.

Ҷониби Тоҷикистон он замон ва баъди он ҳам дар бораи ин тамоси телефонӣ хабари расмие нашр накард.

Аммо мақомоти Толибон ба расонаҳои Афғонистон гуфтанд, ки тамос рӯзи 2-юми декабр сурат гирифт ва дар он ҳамкориҳои муштарак барои суботи минтақа баррасӣ шудааст.

“Тоҷикистон ва Афғонистон ахиран фазои эътимод барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиро эҷод кардаанд, аммо бархе аз ҳалқаҳо талош доранд ба ин раванд осеб зананд", – зикр карда буд намояндаи ин гуруҳ баъди тамоси телефонӣ.

 

Таъмини амният дар марз

Дар нишасти матбуотии ахир Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба зиёд шудани ҳамлаҳои мусаллаҳонадар ду моҳи охир дар сарҳад бо Афғонистон гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ба таври муштарак барои пешгирии ҳодисаҳо дар сарҳади давлатӣ фаъолият мебаранд.

Ба қавли ӯ, ҷониби Афғонистон изҳор доштааст, ки “барои роҳ надодан ба такрори чунин ҳолатҳо дар сарҳад чораҳои зарурӣ меандешад ва нисбат ба ин ҳодисаҳо тафтишоти ҳамаҷониба анҷом хоҳад дод”.

“Масъалаҳои таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамоно бисёр муҳим боқӣ мемонанд. Бо ин мақсад, албатта, миёни ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Афғонистон робитаҳои корӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҷонибҳо фаъолияти ҷинояткоронаи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва террористиро дар сарҳад маҳкум намуданд”, – таъкид кард ӯ.

Ахиран нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон (КДАМ)  аз пешгирии як сарҳадшикании “5 қочоқбари афғон”, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, хабар дода, гуфт, ки дар пайи “муқовимати мусаллаҳона” бо онҳо се қочоқбар кушта шуда, ду тани дигар ба Афғонистон фирор кардаанд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Дар умум, ба иттилои Зафар Самад, раиси Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон миёни мақомоти тоҷик ва қочоқбарони афғонистонӣ 17 (соли 2024 – 6) задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа 10 (2024 – 3) шаҳрванди Афғонистон ва 2 марзбони тоҷик (кормандони КДАМ) кушта шудаанд.

Ҳамчунин, соли гузашта 9 шаҳрванди Афғонистон аз суи мақомоти тоҷик барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 мақомоти тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир мусодира кардаанд. Манбаъ афзуд, ки аз ин, 2 тоннаву 566 килограм дар хатти марзи Афғонистон бо вилояти Хатлон ва 186 кг дар марз бо ВМКБ мусодира шудааст.

*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.