Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Идомаи намоишномаи гурӯҳи ҳунармандони Маскав таҳти унвони «Шоҳзодаи Миср ва 10 шер» дар бинои Сирки давлати Душанбе; – Дар намоиши байнулмилалии маҳсулоти истеъмолии «Ambiente – 2017» гӯшаи Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешавад; – Фонди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ», Маркази сиёсатишиносии «Шимол – Ҷануб», Маркази иттилоотӣ-таҳлилии «Авруосиё – Поволже» дар ҳамдастӣ бо Маркази […]

Asia-Plus

АНОНС

– Идомаи намоишномаи гурӯҳи ҳунармандони Маскав таҳти унвони «Шоҳзодаи Миср ва 10 шер» дар бинои Сирки давлати Душанбе;

– Дар намоиши байнулмилалии маҳсулоти истеъмолии «Ambiente – 2017» гӯшаи Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешавад;

– Фонди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ», Маркази сиёсатишиносии «Шимол – Ҷануб», Маркази иттилоотӣ-таҳлилии «Авруосиё – Поволже» дар ҳамдастӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бахшида ба 25-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия як силсила чорабиниҳо баргузор мекунанд;

– Дар доираи чорабиниҳои рушди робитаҳо миёни ҷавонон, дар заминаи мактабҳои олии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд – Донишгоҳи миллии Тоҷикиситон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо иштироки донишҷӯён аз Русия ва Тоҷикистон Фестивали ҷавонони дӯстии миёни Русия ва Тоҷикистон доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9108 сомонӣ;

1 евро – 8.4195 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1347 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Таъсиси рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» (феълан «Халқ овози»).

1960 – Таъсиси мактаб-интернати комплексӣ дар Лучоб (ш.Сталинобод).

1962 – Ифтитоҳи корхонаи консервбарорӣ дар ш. Қӯрғонтеппа.

2007 — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қонуни нав «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»-ро қабул кард.

1941 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев.

1955 – Мавлуди доктори улуми филология Маъруф Раҷабӣ.

1957 – Зодрӯзи журналист Муҳаммадмурод Сайдалиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришоту туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +4+9.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришоту туман. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона -1+4. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона+3+5, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, туман. 

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +8+10.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +1+3.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.