«Тоҷик»-и дар метро осебдида шаҳрванди Ӯзбекистон будааст

Миёни осебдидагон бар асари таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Шахсеро, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия шаҳрванди Тоҷикистон номид, дар асл шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки консули генералии ҷумҳурӣ дар Петербург Давлат Назризода рӯзи 4 апрел ба бемористон […]

Asia-Plus

Миёни осебдидагон бар асари таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Шахсеро, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия шаҳрванди Тоҷикистон номид, дар асл шаҳрванди Ӯзбекистон аст.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки консули генералии ҷумҳурӣ дар Петербург Давлат Назризода рӯзи 4 апрел ба бемористон ба аёдати ин шахс рафта, ӯ ба консул шиносномаи шаҳрванди Ӯзбекистонро нишон додааст.

Ҳамин тариқ, дар ҳодисаи таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст.

Қаблан ВАО-и Русия бо истинод ба губернатори шаҳр Георгий Полтавченко хабар дода буданд, ки миёни осебдидагон аз таркиш дар метро се шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Беларус ҳузур доранд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 3 апрел дар қатори метрои Санкт-Петербург, ҳангоми ҳаракати он дар миёни истгоҳҳои "Сенная плошад" ва "Технологический институт" таркиш ба амал омад, ки 14 кушта ва беш аз 50 захмӣ бар ҷой гузошт.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, мақомоти тафтишотии Русия гуфтанд, ки пораҳои ҷасад ва ҳам ҳуввияти ҳамлагари эҳтимолиро ошкор кардаанд. Тафтишот шоми 4 апрел гуфтааст, ки бомбгузори эҳтимолӣ Акбарҷон Ҷалилови 22-сола буд.

Чанде қабл сокинони шаҳри Душанбе ба хотири қурбониёни таркиш дар назди сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон гулҳо гузошта, сафорат дар саҳифаааш дар Фейсбук аз тоҷикистониён барои дастгириашон дар ин рӯзҳои мушкил минннатдорӣ изҳор намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.