Назди намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе издиҳоми зиёди мардум барои дарёфти талони суҳбат оид ба барномаи кӯчбандӣ ба Русия навбат гирифтанд. Ин наворҳоро корбарони шабакаи Facebook гузоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон Владислав Маркевич қаблан иттилоъ дода буд, ки соли 2016 14 ҳазор нафар тоҷикистониён кӯчбандӣ ба Русияро дархост намудаанд. Давоми ду сол шумори тоҷикистониёни хоҳишманди кӯчидан барои зисти доимӣ дар Русия 40% афзудааст.