Даргузашти бародари раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон

Бародари раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров шаби гузашта дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум Розиқ Зуҳуров 54-сола буд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, Розиқ Зуҳуров пас аз бемории тӯлонӣ шаби гузашта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи боло) даргузаштааст. Имрӯз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатон, ки марҳум […]

Asia-Plus

Бародари раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров шаби гузашта дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум Розиқ Зуҳуров 54-сола буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, Розиқ Зуҳуров пас аз бемории тӯлонӣ шаби гузашта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи боло) даргузаштааст.

Имрӯз дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатон, ки марҳум он ҷо иқомат дошт, маросими ҷанозаи ӯ баргузор мешавад.

Розиқ Шукуров солҳои ахир дар ноҳияи Панҷ ба фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ машғул буд.

Дар робита ба ин ҳодиса ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон, ки бояд имрӯз доир мегардид, ба ҳафтаи оянда мавқуф гузошта шуд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум самимона ҳамдардӣ изҳор мекунанд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.