АНОНС
– Дар Душанбе ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои зиддитерористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ доир мегардад;
– Дар Душанбе машқҳои нерӯҳои таъиноти махсуси Тоҷикистону Русия баргузор мешаванд. Тибқи фарзия онҳо маркази телевизионро аз ҷангиён озод мекунанд;
– Бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олтин Асир» (Туркманистон) дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. Оғози бозӣ соати 20:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8200 сомонӣ;
1 евро – 9.8361 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1533 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи бидуни истеъмоли тамоку
1935 – Дар назди Наркомати маорифи ҶШС Тоҷикистон Комиссияи фавқулода оид ба маҳви бесаводӣ таъсис дода шуд.
1960 — Корхонаи истеҳсоли трансформатори Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуд.
2012 — Вакилони Маҷлиси намояндагони бидуни баррасӣ ва якдилона пешниҳоди президенти Тоҷикистонро дар бораи бекор кардани моддаҳои 135 (Туҳмат) ва 136 (Таҳқир) дар Кодекси ҷиноӣ дастгирӣ намуданд.
1906-1979 – Зодрӯзи доктори улуми филология, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон Бобоҷон Ниёзмуҳаммедов.
1923 – Зодрӯзи актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сабзаҷон Шоҳисмоилова.
1930-1998 – Мавлуди олим-математик, профессор Эргаш Рӯзиматов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +18+23.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.


