Лоиҳаи бинои Хадамоти алоқа ба унвони олии ҷоизаи бритониёӣ соҳиб шуд

Тарҳи "Маҷтамаи биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа дар Душанбе” дар озмуни байналмилалии International Property Awards дар Таиланд дар байни беҳтарин тарҳҳои сохтмонии қораи Осиё ва Уқёнусия сазовори ҷоизаи баланди панҷситорагӣ шуд. Бино ба иттилои расонаи мустақили Akhbor.com, яке аз ҷоизаҳои панҷситораии озмуни байналмилалии International Property Awards дар Бангкок, пойтахти Таиланд барои беҳтарин тарҳи бинои маъмурии осмонбӯс […]

Akhbor.com

Тарҳи "Маҷтамаи биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа дар Душанбе” дар озмуни байналмилалии International Property Awards дар Таиланд дар байни беҳтарин тарҳҳои сохтмонии қораи Осиё ва Уқёнусия сазовори ҷоизаи баланди панҷситорагӣ шуд.

Бино ба иттилои расонаи мустақили Akhbor.com, яке аз ҷоизаҳои панҷситораии озмуни байналмилалии International Property Awards дар Бангкок, пойтахти Таиланд барои беҳтарин тарҳи бинои маъмурии осмонбӯс имсол насиби комплекси биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шуд. Бино нави маъмурии Хадамоти алоқа дар маркази Душанбе дар қисмати ҷанубии майдони Дӯстӣ дар ҷои собиқ Почтамт сохта мешавад.

Тарҳи ин биноро дафтари нақшасозии Иттиҳодияи меъморони Тоҷикистон ба раҳбарии сармеъмор Баҳром Юсупов ва се меъмор К.Наимов, Р.Шарипов ва Х.Аюбҷонов кашидаанд.

Расми тақдими ҷоизаҳои International Property Awards рӯзҳои 25-26 май дар Бангкок доир шуд.

Баҳром Юсупов гуфтааст, ибтидо интизор надошт, ки тарҳи бинои Хадамоти алока дар Бангкок чунин баҳои баланд мегирад: "Чунки онҷо рақобат бо меъморон аз Ҷопон, Чин, Сингапур, Малайзия, Австралия ва дигар кишварҳое, ки биноҳои фавқулмуосир дар ҳамон кишварҳо сохта мешаванд, сурат мегирифт. Аз ин рӯ, вақте эълон карданд, ки тарҳи мо пирӯз шуд, маро як ҳолати тасаввурнокарданӣ фаро гирифт.”

Тарҳи кашидаи гурӯҳи Баҳром Юсупов дар соли 2013 низ ҳамчун яке аз беҳтарин намунаҳои меъмории кишварҳои Шӯравии собиқ сазовори Гран При ва медали тилои Анҷумани байналмилалии меъморон шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.