АНОНС
– Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов дар кори Муколамаи сатҳи баланди «Осиёи Марказӣ – СММ» дар Ашқобод иштирок мекунад;
– Вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Филиппин. Оғоз соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8200 сомонӣ;
1 евро – 9.8996 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1524 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1951 — Ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи улуми Тоҷикистон.
2001 — Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Конвенсия дар бораи муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишвар тасдиқ шуд.
2007 — Дар ноҳияи Шӯрообод ду дидбонгоҳи марзии барқароршуда боз гардид.
1937-1993 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошимов.
1942 – Мавлуди олим Теша Авазов.
1948 – Зодрӯзи драматург, арбоби давлатӣ Ато Ҳамдам.
1950 – Мавлуди нависанда Ҷумъа Қувват.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +24+29; дар шарқ шабона -2+3, рӯзона +13+18.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +34+39; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.


