Боздошти се тоҷикистонӣ дар Бишкек. Бо дархости Тоҷикистон

Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки баъди бо корд задани як сокини Хуҷанд ба Қирғизистон фирор карда буданд, рӯзи 11 июн дар як қаҳвахона дар шаҳри Бишкек дастгир шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар додааст. Бино ба иттилои расонаи мустақили Ахбор (Akhbor.com), ин се нафар соати якуними шаби 7 июн дар шаҳри Хуҷанд як […]

Akhbor.com

Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки баъди бо корд задани як сокини Хуҷанд ба Қирғизистон фирор карда буданд, рӯзи 11 июн дар як қаҳвахона дар шаҳри Бишкек дастгир шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар додааст.

Бино ба иттилои расонаи мустақили Ахбор (Akhbor.com), ин се нафар соати якуними шаби 7 июн дар шаҳри Хуҷанд як сокини ин шаҳрро бо корд захмӣ карда, сипас аз Тоҷикистон фирор кардаанд. Ба зидди онзо бар асоси қисми сеюми моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (авбошӣ бо истифода аз силоҳ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Дар рафти тафтиш маълум шудаанд, ки ҳар се ҳамлагар худи ҳамон рӯзи 7 июн тавассути марзи вилоятҳои Суғду Бодканд ба Қирғизистони ҳамсоя фирор кардаанд.

Мақомоти милисаи Суғд барои пайдо кардани ин гумонбарон ба милисаи вилояти Бодканд муроҷиат кардааст. Тафтиши баъдӣ аз сӯи мақомоти Бодканд нишон додааст, ки се шаҳрванди фирории Тоҷикистон аз инҷо ба шаҳри Бишкек рафтаанд ва қасд доштаанд, ки аз онҷо боз ба ягон кишвари дигари СНГ фирор кунанд.

Ҳарсе боздоштшударо алакай аз Бишкек ба вилояти Бодканд фиристодаанд. Масъалаи супурдани онзо ба ҷониби Тоҷикистон дар ин вилояти ҳаммарз бо вилояти Суғд ҳаллуфасл хоҳад шуд.

Ба ин се нафар дар сурати истирдодашон дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятӣ аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.