Маблағи зиёни расида аз сӯхтор дар бозорҳои Фархор муайян шуд

Маблағи зиёни расида аз сӯхтор дар бозорҳои ноҳияи Фархор, ки рӯзи 30 май рух дода буд, муайян шуд. Ҳаҷми умумии зарар 349 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Фархор (аз ду бозор – «Фархор» ва «Дунё» иборат аст) қариб ҳамаи дӯкону фурӯшгоҳҳоро ба коми оташ фурӯ бурд. Одамон аз […]

Asia-Plus

Маблағи зиёни расида аз сӯхтор дар бозорҳои ноҳияи Фархор, ки рӯзи 30 май рух дода буд, муайян шуд. Ҳаҷми умумии зарар 349 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Фархор (аз ду бозор – «Фархор» ва «Дунё» иборат аст) қариб ҳамаи дӯкону фурӯшгоҳҳоро ба коми оташ фурӯ бурд. Одамон аз сӯхтор осеб надиданд.

Дар ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ки комиссияи махсус зиёни расида аз сӯхторро 349 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст. Наҷоти 70%-и маҳсулот аз коми оташ муяссар шудааст. Дар сурати умум сӯхтор қаламрави баробар ба 1 гектарро нобуд кард. Дар бозор 300 фурӯшгоҳ фаъолият дошт, ки 230-тои онҳоро оташ ба хароба табдил дод.

Тибқи маълумоти ВКД, сӯхтор бар асари раиси ноқилҳои барқии қатори фурӯшгоҳҳои бозори «Фархор» сар задааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.