БМТ сабикаҳои ченакии тиллоро ба муомилот баровард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) сабикаҳои ченакии тиллоро, ки дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA), тайёр карда шудаанд, ба муомилот баровард. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, нархи фурӯши сабикаҳо  тилло барои 1 унсияи трой (31,1034768 грамм), ки мутобиқи қайди (фиксинги) пагоҳирӯзии Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон дар рӯзи гузашта муқаррар […]

Дафтари матбуоти БМТ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) сабикаҳои ченакии тиллоро, ки дар корхонаи холискории дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA), тайёр карда шудаанд, ба муомилот баровард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, нархи фурӯши сабикаҳо  тилло барои 1 унсияи трой (31,1034768 грамм), ки мутобиқи қайди (фиксинги) пагоҳирӯзии Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон дар рӯзи гузашта муқаррар карда мешавад.

Ғайр аз ин, дар муайян кардани нарх хароҷотҳои воқеӣ барои тайёр намудани сабикаҳои ченакӣ (бо тарҳи арзиши металли қиматбаҳо), хароҷоти нақлиёт, суғурта, барасмиятдарории гумрукӣ ва ғайра низ ба инобат гирифта мешавад.

Гуфта мешавад, сабикаҳои ченакӣ аз ҷониби Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории БМТдар шаҳри Душанбе ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта мешавад.

Барои харидани сабикаҳои ченакӣ ва бозфурӯши онҳо шахсони ҳуқуқӣ – ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти намояндаи шахси ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бояд пешниҳод намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки фурӯши сабикаҳои чинакии тилло бо арзи миллӣ – сомонӣ сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?