Дархости ҳаққи паноҳандагии 830 нафар тоҷикистонӣ аз Лаҳистон

Соли гузашта 830 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳукумати Лаҳистон (Полша) ҳаққи паноҳандагӣ дархост кардаанд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ба ибораи дигар соли 2016 рӯзона аз ду то се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ҳукумати Лаҳистон гуфтаанд, ки дар кишвар таъқиб мешаванд ва аз ин рӯ мехоҳанд, ба онҳо паноҳ бидиҳад. Евростат, муассисаи омори […]

Радиои Озодӣ

Соли гузашта 830 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳукумати Лаҳистон (Полша) ҳаққи паноҳандагӣ дархост кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ба ибораи дигар соли 2016 рӯзона аз ду то се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ҳукумати Лаҳистон гуфтаанд, ки дар кишвар таъқиб мешаванд ва аз ин рӯ мехоҳанд, ба онҳо паноҳ бидиҳад.

Евростат, муассисаи омори Иттиҳодияи Аврупо омори тоза дар бораи дархости паноҳандагӣ дар қаламрави кишварҳои узвро нашр кард ва дар он омадааст, 8 дар сади онҳое, ки аз Лаҳистон хостаанд, ба онҳо дархости паноҳандагӣ бидиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

То соли 2014 дархости паноҳандагӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон як чизи нодир ба ҳисоб мерафт ва дар он сол танҳо 105 нафар хостаанд, дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд.

Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Лаҳистон, ки масоили паноҳҷӯёнро таҳқиқ ва аз ҳаққи баъзе аз онҳо дар додгоҳҳо дифоъ мекунад, мегӯяд, ки аз миёни 650 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дархости паноҳандагӣ кардаанд, аксарияташон ҷавоби рад гирифтаанд. Баъзе аз онҳо ба Олмон рафтаанд, вале онҷо ҳам посухи мақомот ба дархосташон манфӣ будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.