Ҳафтаи дуюми рӯза. Идомаи поинравии нархҳо

Дар муқоиса бо рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал боз каме поин рафтанд. Нисбат ба аввали моҳи Рамазон, ки нархҳо якбора боло рафта буданд, имрӯз поинравии онҳо ба таври қобили мулоҳиза эҳсос мешавад. Пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорони пойтахт ваъда доданд, ки нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал боло […]

Asia-Plus

Дар муқоиса бо рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал боз каме поин рафтанд. Нисбат ба аввали моҳи Рамазон, ки нархҳо якбора боло рафта буданд, имрӯз поинравии онҳо ба таври қобили мулоҳиза эҳсос мешавад.

Пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорони пойтахт ваъда доданд, ки нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал боло намераванд. Ба поинравии нархҳо ду омил – баргузор шудани ярмаркаҳои мунтазами маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахт ва афзоиши маҳсулот дар бозорҳо мусоидат карда метавонад. Дарвоқеъ ҳам маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо зиёдтар шудааст.

Чунин гузоришҳоро мо ҳар ҳафта – рӯзҳои душанбе давоми як моҳ таҳия мекунем ва дар натиҷа ба хулосае хоҳем расид, ки то чӣ андоза зиндагиамон дар моҳи Рамазон қимат (ё арзон) шудааст.

Қобили зикр аст, ки нархҳо дар минтақаҳои кишвар хеле зиёд фарқ доранд, аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба «воридкунанда»-и асосии маҳсулоти кишоварзӣ будани шаҳри Душанбе, мо нархҳо танҳо дар пойтахтро зикр мекунем.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.