Гиромидошти хотираи неки профессор Мансур Бобохонов дар Суғд

Дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар литсейи №1-и ба номи Мансур Бобохонови шаҳри Конибодом доир ба ҳаёту фаъолияти ин олими маъруфи таърихнигори тоҷик конфронси илмиву амалӣ баргузор шуд. Дар конфронс толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом, волидони онҳо ва намояндагонпи аҳли ҷомеа ширкат варзида, дар маърӯзауву суханрониҳои худ доир ба ҳаёт ва фаъолияти […]

Алиҷон Маҳмудов, махсус барои Asia-Plus

Дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар литсейи №1-и ба номи Мансур Бобохонови шаҳри Конибодом доир ба ҳаёту фаъолияти ин олими маъруфи таърихнигори тоҷик конфронси илмиву амалӣ баргузор шуд.

Дар конфронс толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом, волидони онҳо ва намояндагонпи аҳли ҷомеа ширкат варзида, дар маърӯзауву суханрониҳои худ доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмиву омӯзгории Мансур Бобохонов маълумот доданд.

Мансур Бобохонов 28 августи соли 1931 таваллуд шуда, соли 1953 яке аз аввалин хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Баъди 5 сол ӯ нахуст рисолаи номзадӣ ва соли 1974 рисолаи докториашро ҳимоя кард.

Солҳои 1962-1965 ӯ ба ҳайси мудири кафедраи таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ кор карда, аз соли 1965 то соли 1982 вазифаи декани факултаи таърихи Донишгоҳро ба уҳда дошт. Охири солҳои 90-уми асри гузашта М.Бобохоновро барои кор ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикиситон даъват карда, дар ин муассиса ӯ ба ҳайси профессори кафедраи таърих ва нахустин декани факултаи таъриху ҳуқуқ ва факултаи муносибатҳои байнулмилалӣ ифои вазифа намудааст.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар фаъолияти илмии профессор Бобохонов марҳилаи нав оғоз гардида, ӯ ба омӯзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон рӯ овард. Бо ташаббуси пофессор ин фан ба барномаи таълимии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар мактабҳои олӣ ворид гардид.

«Маҳсули ҷустуҷӯҳои дақиқи ӯ таҳияи китоби «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» гардид, ки соли 2000-ум нашр шуд. Дар таърихнигории ватанӣ нашри китоб рӯйдоди муҳим маҳсуб меёбад», – навишта буданд қаблан докторҳои илмҳои таърих, профессорон Х.Пирумшоев  ва М.Маликов.

Бо талошҳои чандинсолаи худ М.Бобохонов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳонро таъсис дод, ки роҳбари аввалинаш худаш буд. Муҳимияти омӯзиши ин мавзӯъро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст ва аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки бо қарори сарвари давлат, профессор Мансур Бобохонов бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ шуд.

Дар баробарӣ омӯзгорӣ ва корҳои ташкилӣ, пофессор Бобохонов ҳамеша ба корҳои илмӣ низ машғул буд. Беш аз 400 кори илмӣ – монография, китобҳои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ ва дигар маводи илмии муҳим ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Беш аз 20 сол хонандагони синфҳои 4-уми мактабҳои кишвари мо таърихи Тоҷиистонро аз рӯи китоби ӯ меомӯхтанд, ки ҳамроҳ бо Ф.П. Репа таълиф шуда, 8 маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ бознашр шудааст.

Барои саҳмгузорӣ дар рушди илми таърихнигорӣ Мансур Бобохонов ба унвони «Арбоби шоистаи Тоҷикистон» сазовор дониста шуда, узви вобастаи Академияи байнулмилалии илмҳои мактаби олӣ, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия интихоб шудааст.

Дар конфронс аз ҳаёт фаъолияти илмии Мансур Бохонов наворҳои видео намоиш дода шуданд. Котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунисти шаҳр Ғаниҷон Юсупов зимни суханрониаш қайд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои насли ҷавони Конибодом хеле муҳим аст. Ӯ ба литсей китоби Мансур Бобохонов «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»-ро тақдим намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ директори литсей Т.Мамадҷонова суханронӣ карда, ба ҳамаи ҳозирин барои заҳматҳояшон миннатдорӣ изҳор намуд ва ба иштирокчиёни фаъоли конфронс ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ супурд. Намояндаи шуъбаи маориф ба толибилмони беҳтарини литсей стипендияи ба номи профессор Мансур Бобохоновро тақдим кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.