Прокурорҳо аз болои Трамп ба маҳкама шикоят бурданд

Додситонҳои кулли ҳавзаи Колумбия ва аёлати Мэриленд бар инанд, ки президент Доналд Трамп зидди Конститутсияи ИМА амал мекунад, дар ҳоле ки қонуни асосӣ қабули туҳфа ва подошро аз давлатҳои хориҷӣ манъ намудааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба ақидаи даъвогарон, Конститутсияи ИМА талаб мекунад, ки мансабдори амалкунандаи давлатӣ наметавонад, тиҷорати бузургеро идора […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додситонҳои кулли ҳавзаи Колумбия ва аёлати Мэриленд бар инанд, ки президент Доналд Трамп зидди Конститутсияи ИМА амал мекунад, дар ҳоле ки қонуни асосӣ қабули туҳфа ва подошро аз давлатҳои хориҷӣ манъ намудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба ақидаи даъвогарон, Конститутсияи ИМА талаб мекунад, ки мансабдори амалкунандаи давлатӣ наметавонад, тиҷорати бузургеро идора кунад, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешавад.

Ин нахустин аризаи додгоҳии давлатмардон аст, ки тасмими Трампро ба нигоҳ доштани ҳаққи моликият ба ширкатҳояш пас аз ғалаба дар интихоботи президентӣ зери суол мебарад.

Моҳи январ Трамп гуфт, ба хотири пешгирӣ аз бархӯрди манофеъ тиҷорати ӯро фарзандонаш раҳбарӣ мекунанд, аммо ӯро аз рафти корҳо дар ҷараён мегузоранд.

Додситони кулли ҳавзаи Колумбия Карл Рэйсин ва ҳамтои ӯ аз аёлати Мэриленд Брайан Фрош бар инанд, ки Трамп он банди қонуни асосии Амрикоро поймол кардааст, ки мансабдори ИМА «набояд бе иҷозаи Конгресс аз ягон подшоҳ, шоҳзода ё давлати хориҷӣ ягон хел подош, туҳфа, мақом ё унвони гуногун гирад».

Конгресси ИМА, ки аксариятро дар он ҳамҳизбиёни Трамп ташкил медиҳанд, ба тасмими нафурӯхтани тиҷорати ӯ вокуниш нишон надодааст. Додситонҳо мегӯянд, бо даъвои худ низоми назорат ва подвазнро ба кор меандозанд, ки бояд тавозунро миёни шохаҳои гуногуни қудрати давлатӣ ҳифз кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.