«Помир Энержи» ба кӯдакони Хоруғ майдони бозиҳо туҳфа кард

Дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ майдони нав барои кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи майдон директори департаменти фурӯш ва маркетинги ширкати «Помир Энержи» Отамшо Хушқадамов изҳор намуд, ки иншооти мазкур ба муносибати 15-солагии таъсисёбии ширкат ба кӯдакон туҳфа шудааст. Намояндаи ширкат ҳамчунин зикр кард, ки дар соли ҷашнӣ ин аввалин чунин […]

Шонаврӯз Афзалшоев, махсус барои Asia-Plus

Дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ майдони нав барои кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи майдон директори департаменти фурӯш ва маркетинги ширкати «Помир Энержи» Отамшо Хушқадамов изҳор намуд, ки иншооти мазкур ба муносибати 15-солагии таъсисёбии ширкат ба кӯдакон туҳфа шудааст.

Намояндаи ширкат ҳамчунин зикр кард, ки дар соли ҷашнӣ ин аввалин чунин чорабинӣ набуда, як моҳ пеш бо ташаббуси ширкат барои дарёфти «Ҷоми Помир Энержи» мусобиқаи шоҳмотбозӣ низ баргузор гардид.

«Ду ҳафта пеш дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Ишкошим ҷашнвораҳои ҷавонону наврасон низ созмон дода шуд, ки ҳадафи аслии он ба ҷавонон талқин кардани муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист, сарчашмаҳои энергия, тарзи ҳаёти солим, муносибати ҷиддӣ ба интихоби ихтисос ва азхудкунии касбу ҳунар аст», – гуфт Хушқадамов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.