Озмун доир ба маводи беҳтарин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзӯи «Муҳоҷирати корӣ: Ҳуқуқ, сарнавиштҳо, душвориҳо, сабақҳо»-и Намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон идома дорад.
Ҳамаи шаҳрвандони синни то 35-солаи Тоҷикистон метавонандар ин озмун иштирок кунанд. Озмун ҳамагӣ се шарт дорад:
1. Доир ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ мавод пешниҳод намоед;
2. Дар аккаунти худ дар ҳама гуна шабакаи иҷтимоӣ бо хештэгҳои #iomtajikistanozmun ва #iomtajikistan чоп кунед;
3. Варақаи шакли иштирокро пур карда, бо веб-линки нашр ба почтаи электронии [email protected] фиристед.
Тарзи пуркунии варақаи иштирок ва дигар маълумоти муфассал дар бораи озмун дар сомонаи сайте www.iom.tj ё суроғаи электронии дар боло зикршуда қобили дарёфт аст.


