Дар Литва як шабакаи ғайриқонунии дастрасии тоҷикон ба раводид ошкор шуд

Хадамоти марзбонии Литва бо боздошти 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз ифшои як шабакаи ташкили муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Аврупо хабар дод. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, аъзои ин шабака ба интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирони тоҷик ва истифодаи визаҳову мӯҳрҳои қалбакӣ айбдор мешаванд. Хадамоти давлатии марзбонии Литва (VSAT) хабар дод, ки ташкилкунандагони як масири […]

Akhbor.com

Хадамоти марзбонии Литва бо боздошти 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз ифшои як шабакаи ташкили муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Аврупо хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, аъзои ин шабака ба интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирони тоҷик ва истифодаи визаҳову мӯҳрҳои қалбакӣ айбдор мешаванд.

Хадамоти давлатии марзбонии Литва (VSAT) хабар дод, ки ташкилкунандагони як масири интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои Аврупоро ошкор кардааст.

Дар гузориши нашршуда дар сомонаи ин ниҳод гуфта мешавад, ки марзбонони дидбонгоҳи марзии Пагегяй ҳанӯз дар аввали сол дар бораи вуҷуди чунин шабака маълумот ба даст оварда, дар натиҷаи таҳқиқоти тӯлонӣ ва мураккаб тавонистанд нафақат иҷрокунандагон, балки ташкилдиҳандагони ин шабакаро низ маълум кунанд.

Рӯзи чоршанбе, 16 август, баъди ба даст омадани маълумоти кофӣ, мақомоти Литва ба амалиёти боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ кардаанд.

Сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Литва рӯзи 19 август ба сомонаи "Ахбор” гуфтааст: "Кормандони бахши иктишофии дидбонгоҳи Пагегяй ибтидо се нафар – як марди 32-сола ва ду зани яке 18 ва дувумӣ 45-соларо дастгир карданд. Ҳарсе зодагони Тоҷикистонанд. Маълум шуд, ки марди дастгиршуда ба интиқоли ғайриқонунӣ ва дар Литва ҷобаҷо кардани муҳоҷирон машғул будааст.”

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати "Ахбор”, дар шиносномаҳои ду зани тоҷикистонӣ визаҳои қалбакии Фаронса зада шуда буд. Ӯ меафзояд: "Маълум шуд, ки аъзои ин шабака ба тақаллуби аснод низ машғул буда, ба шиносномаҳои муҳоҷирони ғайриқонунӣ визаҳои қалбакӣ ва мӯҳрҳои низ қалбакии вуруду хуруҷ аз марзҳои Литва ва кишварҳои дигарро мезадаанд. Худи ҳамон рӯзи 16 август кормандони Хадамоти марзбонӣ дар шаҳри Мариампол як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро дастгир карданд. Гумон меравад, ки ташкилкунандаи асосии ин шабакаи интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирони тоҷик ба Иттиҳодияи Аврупо ҳамин нафар аст.”

Дар манзилҳои зисти ин ду марди тоҷики боздоштшуда дар шаҳри Мариампол марзбонони Литва боз ду шаҳрванди Тоҷикистонро паййдо кардаанд. Дар шиносномаи якеи онҳо, ки 55 сол дорад, мӯҳрҳои қалбакии вуруд ва хуруҷ аз Литва зада шуда, мӯҳлати визаи нафари дуюмаш ҳанӯз 70 рӯз қабл тамом шуда будааст. Ин марди 30-сола акнун бар асоси қонунгузории маъмурии Литва муваззаф аст, ки дар зарфи як ҳафта қаламрави Литваро тарк кунад.

Вале дар мавриди 5 нафари дигар аз ҷониби додситонии минтақаи Клайпедаи Литва тафтишоти муқаддамотӣ оғоз ёфтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.