«Опел» ё «Равон»? Ӯзбекистон ба бозори Тоҷикистон ворид мешавад…

Айни замон бозори Тоҷикистонро автомобилҳои муҳлати истеҳсолашон беш аз 10 сол фаро гирифта, давлат ба он манфиатдор аст, ки дар роҳҳои кишвар автомашинаҳои нав равуо дошта бошанд. Маҳз бо ҳамин мақсад моҳи марти соли равон парлумон тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро дастгирӣ намуд, ки мутобиқи он аз оғози […]

Айни замон бозори Тоҷикистонро автомобилҳои муҳлати истеҳсолашон беш аз 10 сол фаро гирифта, давлат ба он манфиатдор аст, ки дар роҳҳои кишвар автомашинаҳои нав равуо дошта бошанд.

Маҳз бо ҳамин мақсад моҳи марти соли равон парлумон тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро дастгирӣ намуд, ки мутобиқи он аз оғози соли равон меъёри боҷи гумрукӣ барои ворид кардани автомобилҳои нав ба кишвар 50% кам карда шуд.

Автомобилҳои нав воситаҳои нақлиёте шуморида мешаванд, ки муҳлати истеҳсолашон на бештар аз як сол буда, масофаи тайкардаашон аз 10 ҳазор километр зиёдтар набошад.

Нархҳо дар «Мошинбозор» (деҳаи Алабайтал, 12 км аз Душанбе) чунинанд: Шевроле Камарои амрикоӣ, истеҳсоли соли 2009 – 15 ҳазор доллар, автомобилҳои Мерседес С, истеҳсоли Олмон – 5-6 ҳазор доллар, «Опел» – 2-4 ҳазор доллар, ВАЗ-2115 – 10 ҳазор сомонӣ ва «Жигули», модели «03» – 4 ҳазор сомонӣ.

Баъди баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе нуқтаи фурӯши автомобилҳои «Равон»-и Ӯзбекистон ба кор шурӯъ карда, дар он автомашинаҳои истеҳсоли ин кишвар фурӯхта мешавад.

Директори ин нуқтаи фурӯш Фаррух Замонов ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон автомашинаҳои «Равон»-и тамғаи R2, R4, Gentra, Nexia R3, Damas, ҳамчунин автомашинаи боркаши хурдии Labo пешниҳод мегардад, ки нархашон аз 6 ҳазору 700 то 12 ҳазору 600 долларро ташкил дода, бо фармоиши харидор автомашина муддати аз 2 то 10 рӯз ба Душанбе оварда мешавад.

Номбурда изҳор намуд, ки назди фурӯшгоҳ дӯконҳои қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо ва нуқтаи хизматрасонии техникӣ низ амал карда, аз замони ифтитоҳи фурӯшгоҳ 40 адад автомашинаи ширкат ба Душанбе оварда шудааст ва аллакай 30 адад автомашина ба фурӯш рафтааст.

– Харидорони мо натанҳо сокинони Тоҷикистон, балки ширкатҳову муассисаҳои давлатӣ низ мебошанд. Албатта, интихоб ба ихтиёри харидор аст, вале тавре дар як реклама гуфта мешавад: «Мошини нав – навай!».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.