Дар Ашқобод дубора кандани ҳавополоҳо оғоз шуд

Мақомоти шаҳри Ашқободи Туркманистон ҳавополо ё кондитсионерҳои сокинонро аз биноҳои баландошёна мекананд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, давоми ду соли охир танҳо дар шаҳраки Мир-4 бори севум аст, ки ҳавополоҳо канда мешаванд. Ба гуфтаи сокинони пойтахти Туркманистон, дар ҳоли ҳозир якбора дар чанд кӯчаи пойтахт техникаи махсус барои кандани ҳавополоҳо равона шудааст. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти шаҳри Ашқободи Туркманистон ҳавополо ё кондитсионерҳои сокинонро аз биноҳои баландошёна мекананд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, давоми ду соли охир танҳо дар шаҳраки Мир-4 бори севум аст, ки ҳавополоҳо канда мешаванд.

Ба гуфтаи сокинони пойтахти Туркманистон, дар ҳоли ҳозир якбора дар чанд кӯчаи пойтахт техникаи махсус барои кандани ҳавополоҳо равона шудааст.

Моҳи майи соли ҷорӣ дар бораи кандани ҳавополоҳои якбора 10 бинои баландошёна аз кӯчаи Мир-2/4 хабар расида буд.

Ба гуфтаи сокинон, сарфи назар аз талошҳои мақомоти шаҳр барои кандани дастгоҳҳои сардкунанда, сокинон дубора онҳоро насб мекунанд.

"Ҳатто агар кормандони ҳокимияти шаҳр ҳавополоҳоро дубора бикананд, сокинон бори севум онҳоро насб мекунанд. Зеро ҳавои тафсон ба ин кор маҷбур мекунад", – гуфтааст як сокини маҳаллӣ бо номи Дурдимурод.

Ёдрас мешавад, ки се сол пеш кандани ҳавополоҳои кӯчаҳои марказии Ашқобод боиси норозигии аҳолӣ шуд. Баъди гуфтугӯ бо мардум, мақомот розӣ шуданд, ки насби ҳавополоҳои якрангро иҷозат диҳанд. Ба гуфтаи сокинон, бо гузашти се сол ҳанӯз аз он ҳавополоҳо дарак нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.