Татяна Хужина: Ман нияти баде надоштам…

Дар суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт имрӯз мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки ба қочоқи тангаи замони Русияи подшоҳӣ гумонбар дониста мешавад, идома ёфт. Дар ҷаласаи имрӯза ба худи айбдоршаванда сухан доданд. Ӯ изҳор намуд, ки дар ин амал нияте баде надошта, дидаву дониста ё барқасдона ҷиноят содир карданӣ набуд. Ҳамчунин Татяна […]

Дар суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт имрӯз мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки ба қочоқи тангаи замони Русияи подшоҳӣ гумонбар дониста мешавад, идома ёфт.

Дар ҷаласаи имрӯза ба худи айбдоршаванда сухан доданд. Ӯ изҳор намуд, ки дар ин амал нияте баде надошта, дидаву дониста ё барқасдона ҷиноят содир карданӣ набуд. Ҳамчунин Татяна қайд кард, ки Ватанаш (Тоҷикистон)-ро дӯст медорад ва ба раҳму шафқат ва некхоҳии суд умедвор аст.

Татяна Хужина дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддахои 32 (суиқасд ба ҷиноят) ва 289 (қочоқ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гумонбар дониста шуда, эълони ҳукм нисбати ин парванда соати 17:00-и имрӯз дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта намояндаи прокуратура аз суд барои Татяна Хужина ҷазои 6 соли зиндонро дархост намуда, ин талаби худро бо он асоснок кард, ки ин гуна ҷазоро ӯ бо назардошти духтарчаи хурдсол доштани гумонбаршуда дархост кардааст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июн Хадамоти гуруки Тоҷикистон хабар дод, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужинаи 41-сола барои кӯшиши аз қаламрави Тоҷикистон баровардани тангаи дутинаи мисини истеҳсоли соли 1823 боздошт шудааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор доштаанд, ки намояндагони вазорат ин қазияро бодиққат пайгирӣ дошта, ба ӯ кумаки зарурӣ мерасонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.