Сокини Суғд барои қатли ҷиянҳои хурдсолаш маҳкум шуд

Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд сокини 47-солаи ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Толиб Мирзобоқиевро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи суди вилояти Суғд Фирӯза Аҳмадзода хабар дод, куштори ду ноболиғ – Умедҷон Мирзобоқиев, соли таваллудаш 1997 (он замон 11-сола) ва Ситора Мирзобоқиева, […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд сокини 47-солаи ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Толиб Мирзобоқиевро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи суди вилояти Суғд Фирӯза Аҳмадзода хабар дод, куштори ду ноболиғ – Умедҷон Мирзобоқиев, соли таваллудаш 1997 (он замон 11-сола) ва Ситора Мирзобоқиева, соли тавалудаш 2002 (он замон 6-сола) соли 2008 дар шаҳри Екатеринбурги Русия содир шудааст.

Маҳкумшуда амаки онҳо, бародари падари 53-солааашон Қурбон Мирзобоқиев мебошад, ки соли 2002 барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум ва то соли 2012 адои ҷазо кардааст.

Судя қайд кард, ки зани дуюми Қурбон шаҳрванди Ӯзбекистон Салима Мирзобоқиева 22 марти соли 2002 ба Екатеринбург рафтааст.

Толиб Мирзобоқиев ва писари бародари ӯ Манучеҳр Шавкатови он замон 19-сола Салима ва фарзандони ӯро сабаби ҷудошавии оилаи якуми Қурбон Мирзобоқиев дониста, ба ӯ аз лиҳозӣ моддӣ кумак намекардаанд. Тибқи маслиҳати пешакӣ, онҳо тасмим мегиранд, ки кӯдакони ноболиғро мекушанд.

Санаи 17 апрели соли 2008, вақте ки дар хона ҳеҷ кас набуд, онҳо ба иҷрои нақшаи худ пардохта, амаки ноболиғон Толиб Мирзобоқиев Умедҷони 11-сола ва бародараш хоҳари худро буғӣ карда ба қатл мерасонанд.

Барои рӯйпӯш кардани ҷинояти худ онҳо ҷасади кӯдаконро дар халтаҳо ҷо карда, онро дар партовгоҳи ҷангал мепартоянд.

Вале баъди 4 сол, моҳи апрели соли 2012 Манучеҳр Шавкатов ба мақомоти милитсияи шаҳри Екатеринбург омада, ба гуноҳаш иқрор мешавад. Суд ӯро ба 15,6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Амаки кӯдакон Толиб Мирзобоқиев аз соли 2012 мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ӯро 5 июни соли 2017 дар зодгоҳаш, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ боздошт кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.