Агентии зиддифасод ифшои номи ришвахӯронро дархост дорад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост кардааст, ки арзу шикоятҳои хешро дар мавриди фаъолияти 10 вазорату идораи давлатӣ ба унвонии ин ниҳод фиристанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, агентӣ тасмим дорад, дар фурсатҳои наздик фаъолияти ин идораҳоро мавриди санҷиш қарор дода, “хавфи амалҳои коррупсиониро” […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост кардааст, ки арзу шикоятҳои хешро дар мавриди фаъолияти 10 вазорату идораи давлатӣ ба унвонии ин ниҳод фиристанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, агентӣ тасмим дорад, дар фурсатҳои наздик фаъолияти ин идораҳоро мавриди санҷиш қарор дода, “хавфи амалҳои коррупсиониро” ошкор созад.

Дар Агентӣ гуфтаанд, дар миёни идораҳои мавриди санҷиши онҳо Вазорати молия, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва вазорати меҳнату шуғли аҳолӣ шомил ҳастанд. Кумитаи сармоягузорӣ, кумитаи занон, ҷавонон ва телевизион ва радио низ мавриди таҳлили Оҷонсӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ин ниҳод бо нашри рақами телефон ва имейли кормандони масъулаш дар вебсайти расмии худ аз мардум хостааст, ки дар мавриди кори ин идораҳо, саривақт баррасӣ шудани муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияташон ва инчунин кори торнамои расмиашон маълумот бидиҳанд.

Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ барои Агентии зиддифасод салоҳият ва вазифаи нав аст, ки тибқи як қарори ҳукумати Тоҷикистон дар поёни соли 2016 тасвиб шудааст. Ин гуна санҷишҳо бештар хислати пешгирӣ ва ё “профилатика”-и коррупсияро дорад.

Ин шеваи нави кор пас аз оне рӯи даст гирифта шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбасти кори ҳукумат гуфта буд, агентӣ бештар бояд барои пешгирии фасод талош кунад.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти моҳҳои охир гувоҳи онанд, ки коррупсионерҳои асосӣ дар кишвар худи кормандони Агентианд. Дар Суди олӣ нисбати чандин нафар мурофиа идома дорад. Чанде пеш Суди олӣ собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзодаро ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,5 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин Фаридун Беназирзода, собиқ муовини сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, ки қаблан дар Агентии мазкур кор мекард, низ мувофиқи моддаи «гирифтани пора» ба муҳлати 10,6 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Мурофиаи додгоҳии баррасии «парвандаи коррупсионерҳо» санаи 19 июл оғоз гардида, аз рӯи ин парванда 14 нафар – 10 нафар собиқ муборизон бо ришвахӯрӣ ва 4 нафари марбут ба ин парванда, собиқ кормандони Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои давлатӣ дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Тоҷикистон дар шохиси ришвахории созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё Транспаренси Интернешнл дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад. Ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, ки “ришвахорӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.