Киштии зериобии "Краснодар" ва киштии ҷангандаи "Адмирал Эссен"-и Русия, ки дар баҳри Миёназамин қарор доранд, ба мавзеҳои гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" дар Сурия чаҳор мушаки болдори "Калибр" партоб карданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати мудофиаи Русия, мавзеъҳои ДИ дар наздикии шаҳри Полмир, ки онҷо техника ва ҷангҷӯёни гуруҳ ҳузур доранд, ҳадафи мушакҳо қарор гирифта, киштии зериобии "Краснодар" аз зери об мушак партоб кардааст.
Гуфта мешавад, ИМА, Туркия ва Исроил пеш аз партоби мушакҳо дар ҷараён гузошта шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки Русия дар гузашта ҳадди ақал як маротиба – моҳи декабри соли 2015 ба мавзеҳои ДИ дар Сурия мушаки болдори "Калибр" партоб карда буд.