Эҳтимоли интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон тобистони соли оянда

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палати поёнии парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки аз тобистони соли оянда Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад. Ба гуфтаи ӯ, баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2009, дар низомҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палати поёнии парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки аз тобистони соли оянда Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.

Ба гуфтаи ӯ, баъди аз низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2009, дар низомҳои энергетикии Тоҷикистону Ӯзбекистон тағйироти назаррас сурат гирифт.

«Баъди хориҷшавӣ Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқи истеҳсоли худиро ба шимоли кишвар таъмин намуд, ки қаблан аз нерӯи барқи Ӯзбекистону Қирғизистон истифода мекарданд. Минтақаи ҷануби Ӯзбекистон қаблан аз Тоҷикистон нерӯи барқ мегирифт ва баъдан Ӯзбекистон низ худаш онро таъмин мекунад», – қайд кард вазир.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд. «Барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор ва лоиҳаи ҳифзи табдили барқ (реле) ва автоматикаро амалӣ созад», – иброз дошт Усмонзода.

Вазир зикр кард, ки соли 2017 энергетикҳои тоҷик чун соли пешин беш аз 18 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд, ки ба таъмини кишвар бо нерӯи барқ бидуни ҷорӣ сохтани маҳдудият (лимит) имкон дод.

«Имрӯз истеъмолгари асосии нерӯи барқи Тоҷикистон аҳолӣ аст, – қайд кард вазир. – ТАЛКО шабонарӯзӣ 7 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунад. Соли оянда ширкати алюминий исеҳсоли маҳсулотрго дучанд афзуданист ва табиист, ки талаботи корхона низ ду баробар меафзояд», – таъкид дошт ӯ.

Ҳамчунин зимнан таъкид шуд, ки аз 283 адад нерӯҳои хурди барқӣ дар кишвар 90-тоаш «умуман кор намекунанд» ва сабабаш дар он аст, ки онҳоро бидуни назардошти воқеияти маҳал сохтаанд.

«Масалан, дар ноҳияи Шаҳринав ду нерӯгоҳи барқии хурд бинобар сабаби камобӣ кор намекунанд, зеро зимистон об тамоман мавҷуд набуда, тобистон он барои бароварда шудани эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ истифода мешавад», – гуфт вазир.

Ӯ ҳамчунин ба вакилон иттилоъ дод, ки ҳукумат айни замон дар мавриди сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Фон-Яғноб» бо иқтидори 600 мегаватт бо Чин гуфтушунид дорад ва дар сурати бунёди ин марказ, бидуни анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ бисёре аз мушкилоти соҳаи энергетикаи кишвар ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.