КДАМ: мусодираи наздики 1,8 тонна маводи нашъаовар дар соли 2017

Соли 2017 дар марзи давлатии Тоҷикистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 31 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 18 нафар қочоқчиён нобуд ва 20 нафари дигар дастгир карда шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо иштироки раиси КДАМ  Саймумин Ятимов, фармондеҳи Қӯшунҳои […]

Наим Халимов

Соли 2017 дар марзи давлатии Тоҷикистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 31 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 18 нафар қочоқчиён нобуд ва 20 нафари дигар дастгир карда шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо иштироки раиси КДАМ  Саймумин Ятимов, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинон, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, сардорони отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар соли 2017 баргузор гардид.

Дар ҷаласа қайд шудааст, ки соли 2017 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ 74 амалиётҳои махсус, ки аз он 10 амалиёт дар алоҳидагӣ, 46 амалиёт бо КДАМ ҶТ ва 18 амалиёт бо дигар сохторҳо ва мақомотҳои қудратӣ гузаронида шуданд.

Тӯли соли равон аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои қудратӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1 ҳазору 740 килову 335 гр маводи нашъадор, аз ҷумла:  27,3  героин,  455,6 кило афюн, 865,7 кило ҳашиш, 386,8 кило бангдона (канабис), 4,9 кило метамфитамин дарёфт ва мусодира гардида, ҳамчунин 25 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тирҳои қутраш гуногун, 9 дона норинҷакҳои дастӣ ва 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.