Расман: Тирандозӣ бо айби худи моҳигирон рух дод

Маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маълумоти интишоршуда доир ба қонуншикании марзбонон дар ҳодисаи сӯи моҳидорон тир холӣ карданро носаҳеҳ мешуморанд. «Дар ин робита расман иттилоъ медиҳем, ки шаби рӯзи 21 январ бевосита дар наздикии хати марзи давлатӣ автомашинаи тамғаи ВАЗ 2107, ки дар дохилаш 5 нафар ҳузур доштанд, барои тафтиш боздошт шуда, сарҳадбонон […]

Asia-Plus

Маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маълумоти интишоршуда доир ба қонуншикании марзбонон дар ҳодисаи сӯи моҳидорон тир холӣ карданро носаҳеҳ мешуморанд.

«Дар ин робита расман иттилоъ медиҳем, ки шаби рӯзи 21 январ бевосита дар наздикии хати марзи давлатӣ автомашинаи тамғаи ВАЗ 2107, ки дар дохилаш 5 нафар ҳузур доштанд, барои тафтиш боздошт шуда, сарҳадбонон шахсияти онҳо ва мақсади ҳузурашон дар ин мавзеъро муайн карданӣ буданд, вале ронандаи автомашина якбора онро ба ҳаракат дароварда, гурехтанӣ шуд ва ба сӯи яке аз хизматчиёни ҳарбӣ мошин ронд», – қайд мешавад дар маълумоти маркази матбуот.

Зикр мегардад, ки марзбонон аввал барои огоҳӣ ба ҳаво ва сипас ба сӯи автомашина оташ кушода, дар натиҷа ду шаҳрванд захмӣ ва яке аз онҳо – Абӯбакр Бобоев мутаассифона рӯзи 17 январ дар бемористон ба ҳалокат мерасад.

Гуфта мешавад, айни замон аз рӯи ин далел дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳамаи паҳлӯҳои масъала таҳқиқ мешавад.

«Дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои нав дар ин ҳодиса, маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадӣ ба васоити ахбори умум дар ин хусус маълумот хоҳад дод», – илова мешавад дар маълумот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон