Шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар табдили ном кард

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, минбаъд шаҳри Қӯрғонтеппа – Бохтар, шаҳри Сарбанд – Леваканд, ноҳияи Бохтар – Кӯшониён ва шаҳракаи Восеъ – Ҳулбук номида мешаванд. Бино ба иттилдои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин номҳои деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ – ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон – ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи […]

Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, минбаъд шаҳри Қӯрғонтеппа – Бохтар, шаҳри Сарбанд – Леваканд, ноҳияи Бохтар – Кӯшониён ва шаҳракаи Восеъ – Ҳулбук номида мешаванд.

Бино ба иттилдои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин номҳои деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ – ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон – ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон – ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон – ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.

Гуфта мешавад, ин қарори ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли гузашта мақомоти шаҳрдории маркази маъмурии вилояти Хатлон пешниҳод кард, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ба – шаҳри Бохтар ва шаҳри Сарбанд (замони шӯравӣ – Калининобод) ба шаҳри Леваканд табдили ном кунанд.

Шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 м. аз сатҳи баҳр ҷой дорад. Он дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 105 400  нафар аҳолӣ сеюмин шаҳри Тоҷикистон аст.

Қӯрғонтеппа маркази кишоварзӣ, асосан пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз ӯзбекон ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад. Қӯрғонтеппа солҳои 1944 – 1992 маркази вилояти Қӯрғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст.

Имрӯз шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз шаҳрҳои бузурги кишвар маҳсуб ёфта, дар он якчанд корхонаҳои бузурги саноатӣ, мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, меҳмонхонаҳо ва ғайра фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.