Ёвон: кордкашии ҷавондухтар ба хонандаи мактаби миёна

Ҷавондухтари 20-сола бо хонандаи мактаби миёна ба муноқиша пардохта, бо корд ба ҷисми ӯ якчанд зарба мезанад, ки дар натиҷа толибилм ҷароҳат бардоштааст. Бино ба маълуомти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия ҷавондухтари сокини ноҳияи Ёвонро ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир кардаанд. «Номбурда рӯзи 20 январ аз сабаби муноқишаи бо ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини […]

Asia-Plus

Ҷавондухтари 20-сола бо хонандаи мактаби миёна ба муноқиша пардохта, бо корд ба ҷисми ӯ якчанд зарба мезанад, ки дар натиҷа толибилм ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба маълуомти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия ҷавондухтари сокини ноҳияи Ёвонро ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир кардаанд.

«Номбурда рӯзи 20 январ аз сабаби муноқишаи бо ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини деҳаи Ҳаёти-Нави ноҳияи мазкур, хонандаи синфи 11-уми мактаби миёна бо корд якчанд маротиба ба китфаш ва як маротиба ба шиками ҷвавон задааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.