«Тоҷиктелеком» интернетро миёни провайдерон тақсим мекунад

Ширкати миллии «Тоҷиктелеком» трафики интернетро байни ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-и Тоҷикистон ва операторони мобилӣ тақсим мекунад. Тибқи таҷрибаи кишварҳои дигар. Директори генералии «Тоҷиктелеком» Музаффар Ҳимматов дар ин робита ба журналистон изҳор намуд, ки ба гунаи мисол чунин тартибот дар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Ӯзбекистон амал мекунад. «Қирғизтелеком» ва «Ӯзтелеком» ба провайдерон интернет мефурӯшанд. Аз лиҳози техникӣ […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Ширкати миллии «Тоҷиктелеком» трафики интернетро байни ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон)-и Тоҷикистон ва операторони мобилӣ тақсим мекунад. Тибқи таҷрибаи кишварҳои дигар.

Директори генералии «Тоҷиктелеком» Музаффар Ҳимматов дар ин робита ба журналистон изҳор намуд, ки ба гунаи мисол чунин тартибот дар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Ӯзбекистон амал мекунад.

«Қирғизтелеком» ва «Ӯзтелеком» ба провайдерон интернет мефурӯшанд. Аз лиҳози техникӣ мо ҳам чунин имкон дорем. «Тоҷиктелеком» низ ба харидани интернет ва минбаъд тақсимоти он имкон дорад», – қайд кард Ҳимматов.

Ба гуфтаи ӯ провайдери миллӣ алллакай ба харидани интернет аз ҳамсоякишварҳо оғоз намуда, онро байни провайдерон тақсим мекунад. «Озмоиш гузаронида шуда, аз ҷузъиёташ баъдтар маълумот медиҳем», – иброз дошт ӯ.

Ба саволи журналистон бобати ба қонунгузориии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти монополӣ (инҳисорӣ) дар бозори маҳсулот мухолифат кардани ин навгониҳо, Ҳимматов посухи манфӣ дод. «Ҳамаи ин корҳо дар доираи қонунгузорӣ сурат мегирад», – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин дар бораи нархи пешниҳоди интернет ба провайдерон чизе нагуфта, танҳо зикр кард, ки айни замон гуфтушунидҳо дар ин хусус идома дошта, вале ҳоло қарордодҳо баста нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳимматов илова намуд, ки аз 1 ноябри соли 2017 «Тоҷиктелеком» арзиши интернетро барои муштариёни худ ба андозаи 20 фоиз поин бурд. Масалан, қаблан тарифи бидуни маҳдудият (бе лимит) 150 сомонӣ нарх дошта, ҳозир он бо арзиши 120 сомонӣ пешниҳод мешавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз кишварҳои ҳамсоя интернет харидорӣ мекарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.