АНОНС
– Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2017:
– Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бинои Вазорат – оғоз соати 11:00;
– Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар бинои Кумита – оғоз соати 09:00;
– Бозиҳои ҶОМИ ФФТ: 11:00 – «Панҷшер» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ. 11:00 – «Вахш» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 14:00 – «Истаравшан» – КМВА «Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ. 14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Ашт». Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8210 сомонӣ;
1 евро – 10.8886 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1542 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1942 — Дар Сталинобод навбати аввали корхонаи сементбарорӣ ба истифода дода шуд.
2002 — Дар Душанбе нахустин пойгоҳи электронӣ-рақамии алоқаи телефонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
2013 — Дар Истамбул расман Консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
2001 – Даргузашти сароянда Муборакшо Мирзошоев. Сарояндаи маъруф бар асари бемории сили дуҷонибаи роҳҳои нафас ба ҳалокат расида, сабти албоми сурудҳои ретрои дӯстонро ба анҷом расонида натавонист.
1928 – Зодрӯзи шоир Акобир Шарифӣ.
1939 – Мавлуди олими бахши арабшиносӣ Матин Ҳусейнзода, писари филологи маъруф, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода. Солҳои зиёд Матин Шарифович ба кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сарварӣ мекард.
1947 – Зодрӯзи ҳунарманди балет, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Хосият Боева.
1969 – Мавлуди қаҳрамони 13-каратаи Тоҷикистон Шералӣ Ҳикматов.
1975 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Рустам Бердиев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2+3.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +4+9.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -8-13.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +11+13.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +2+4.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +13+15.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона 0+2.


