Шиносоии Сарвари давлат бо ҷараёни корҳои бунёди гулгашти нав дар Душанбе

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ки дар қисми ғарбии Бӯстонсаройи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ воқеъ аст, муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии гулгашти мазкур наздики 3 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, дар рафти бунёд то 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Аз руи маълумоти мутахассисони ширкати сохтмонӣ гулгашт мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо дизайни хеле замонавӣ бунёд карда мешавад.

ГАЛЛЕРЕЯ (16)
















Майдони қариб 1 гектар замини гулгашт кабудизор карда шуда, сохтмони фаввораҳои гуногун, чароғонкунӣ, шинонидани сафолакҳои ранга дар масоҳати 16 ҳазор метри мураббаъи роҳравҳо, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакона, қаҳвахонаи тобистона, гузоштани 60 адад курсиҳо ва таъмини дигар инфрасохтори зарурӣ дар назар аст.

Баъди муаррифии лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дарахти каштан шинониданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиён онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...