Дар Душанбе «Қасри бахт» бунёд мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 11 апрел ба муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ташриф оварда бо лоиҳаи бунёди «Қасри Бахт» шинос шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «ҶиЭм Партнерҳо» таррезӣ гардида, он дар масоҳати 19300 метри мураббаъ бунёд карда мешавад.   Кохи ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 11 апрел ба муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ташриф оварда бо лоиҳаи бунёди «Қасри Бахт» шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «ҶиЭм Партнерҳо» таррезӣ гардида, он дар масоҳати 19300 метри мураббаъ бунёд карда мешавад.

 

Кохи ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Тоҷикистон бунёд мегардад.

Сипас дар шаҳраки 43-юми ноҳияи Фирдавсӣ иштироки Рустами Эмомалӣ ва Роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон сохта шуда, он дар масоҳати 1560 метри мураббаъ доман паҳн кардааст.  Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон аз ҷониби Отряди сохтмонии Қушунҳои сарҳадии ниҳоди мазкур анҷом дода шудааст.

Пас аз ифтитоҳи расмии иншоот аз ҷониби намояндагони шаҳрдорӣ ба кӯдакони шаҳрак тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим карда шуд, ки хурсандиву фараҳи кӯдаконро дучанд намуд.

Айни замон Хонаи ақди никоҳ ё худ Идораи марказии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и шаҳри Душанбе дар бинои начандон бузурги якошёна дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» фаъолият дорад. Бино аз қисмати маъмурӣ, толори тантанавӣ, толори навбатпоиву аксбардории навхонадорону наздикони онҳо ва меҳмонон иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.