Беш аз 1,5 ҳазор нафар дар Тоҷикистон диктанти умумӣ навиштанд

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Тоҷикистон бори 15-ум чорабинии бузургмиқёси маърифатии «Диктанти умумӣ» доир гардид, ки дар он беш аз 1,5 ҳазор нафар иштирок карданд. «Диктанти умумиро дар Тоҷикистон дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд навиштанд», – хабар додааст […]

Asia-Plus

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Тоҷикистон бори 15-ум чорабинии бузургмиқёси маърифатии «Диктанти умумӣ» доир гардид, ки дар он беш аз 1,5 ҳазор нафар иштирок карданд.

«Диктанти умумиро дар Тоҷикистон дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд навиштанд», – хабар додааст ба CA-NEWS роҳбари маркази таълимиву методии Маркази илму фарҳанги Русия Любов Дудко.

Донишҷӯёни чанде аз мактабҳои олӣ ва чор мактаби таҳсилоти умумии Душанбе дар намояндагии Россотрудничество худро санҷидаанд. Сокинони касбу кор ва синнусоли гуногун, аз ҷумла омӯзгорону ҳуқуқшиносон, табибону рӯзноманигорон, муҳандисон, донишҷӯён, нафақахӯрон ва соҳибхоназанон барои санҷиши дониши худ ба Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе омадаанд.

«Дар Маркази илму фарҳанг дар маҷмӯъ беш аз 300 нафар ҷамъ омаданд. Иштирокчии ҷавонтарин 12-сола ва пиронсолтарин – 65-сола буданд. Ба сурати умум дар ин чорабинӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 1500 нафар ширкат варзиданд, ки нисбат ба соли гузашта 500 нафар зиёдтар аст», – иброз доштааст Дудко.

Натиҷаҳои диктант нимаи ҳамин ҳафта маълум мешаванд. Соли 2017 баҳои миёна аз диктанти умумӣ дар Тоҷикистон «се» арзёбӣ шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст