Муколамаи интерактивии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва Тоҷикистон

Рӯзҳои 4-7 май дар Душанбе баррасии расмии гузориши миллӣ дар Кумитаи зидди шиканҷа сурат мегирад. Пахши онлайнии муколамаи интерактивии ҳукумати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба амалинамоии уҳдадориҳои худ дар мавриди Конвенсияи зидди шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо рӯзи 4-уми май дар «Душанбе-Плаза» баргузор мегардад. Ҳангоми муколамаи интерактивӣ […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 4-7 май дар Душанбе баррасии расмии гузориши миллӣ дар Кумитаи зидди шиканҷа сурат мегирад.

Пахши онлайнии муколамаи интерактивии ҳукумати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба амалинамоии уҳдадориҳои худ дар мавриди Конвенсияи зидди шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо рӯзи 4-уми май дар «Душанбе-Плаза» баргузор мегардад.

Ҳангоми муколамаи интерактивӣ ҳайати давлатӣ бо гузориш оид ба пешрафти кишвар дар амалинамоии стандартҳои Конвенсияи зидди шиканҷа баромад мекунад, ба саволҳои аъзои Кумитаи зидди шиканҷа посух медиҳад. Кумитаи зидди шиканҷа тавсияҳои ниҳоии худро ба Тоҷикистон барои панҷ соли наздик ироа медорад.

Ҳайати давлатиро Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайат инчунин Сатторзода Абдуҷаббор – сардори Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Аламшо Аламшозода – муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, Илҳом Маҳмудзода – муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Саида Умарзода – муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин нозири мустақил Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дохил мешаванд.

Тоҷикистон аз соли 1995 узви Конвенсия ба ҳисоб меравад. Моҳи ноябри соли 2016 Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷа гузориши сеюми даврӣ оид ба рафти тадбиқи Конвенсияро пешниҳод намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.