«Старексҳо»-и мусофирбар то 1 май дар Душанбе кор мекунанд

Ҳукуматдорони Душанбе ният доранд, ки то 1 май ҳамаи «Старексҳо»-и мусфирбарро дар кӯчаҳои пойтахт бо автобусу троллейбус иваз намоянд. Айни замон кори «Старексҳо» дар хатсайрҳои №13, №25, №28, №8, №2 қатъ шудааст. Ронандаҳои «Старексҳо» бекор намемонанд, онҳо дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ ба мусофиркашонӣ машғул хоҳанд шуд. «Мо то 1 май муҳлат додем, то ки ҳамаи «Старексҳо» […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ҳукуматдорони Душанбе ният доранд, ки то 1 май ҳамаи «Старексҳо»-и мусфирбарро дар кӯчаҳои пойтахт бо автобусу троллейбус иваз намоянд.

Айни замон кори «Старексҳо» дар хатсайрҳои №13, №25, №28, №8, №2 қатъ шудааст. Ронандаҳои «Старексҳо» бекор намемонанд, онҳо дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ ба мусофиркашонӣ машғул хоҳанд шуд.

«Мо то 1 май муҳлат додем, то ки ҳамаи «Старексҳо» аз хатсайрҳо аз кӯчаҳои шаҳр берун шуда, онҳо ба хатсайрҳои наздишаҳрӣ гузаронида шаванд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шуъбаи нақлиёти мақомоти шаҳрдории Душанбе.

Бино ба гуфтаи манбаъ, айни замон барои равуои мусофирон дар шаҳр беш аз 200 автобусҳои нав сафарбар шуда, ба ин кор ҳамчунин микроавтобусҳои тамғаи «Мерседес-Спринтер» низ машғуланд, лекин то охири сол кори инҳо ҳам дар кӯчаҳои пойтахт қатъ мешавад.

«Барои Душанбе боз 100 адад автобуси нав харида шуда, ояндаи наздик онҳо низ дар хатсайрҳои Душанбе ба роҳ мебароянд. Айни замон дар пойтахт беш аз 2 ҳазор микроавтобусҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд. То охири сол мо онҳоро бо ҳисоби 8 ба 1 иваз карданием, яъне 8 микроавтобусро ба 1 автобус ё троллейбус иваз мекунем», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои номбурда, дирӯз кори «Старексҳо» дар хатсайри №28 қатъ шуда, он бо автобуси №32 иваз шудааст ва «Старексҳо»-и машғули кор дар ин хатсайр ба хатсайрҳои нави наздишаҳрии №48 ва №77 гузаронида шудаанд.

«Ҳадафи ин тағйирот кам кардани сарбории восиатҳои нақлиёт ва танбашавиҳо дар шаҳр буда, ғайр аз ин, «Старексҳо» нақлиёти ҷамъиятӣ нестанд, зеро ҳамагӣ 7 ҷойи нишаст дошта, барои мусофирон хеле нороҳат аст, – гуфт ӯ. – Автобус бошад, нақлиёти ҷамъиятиест, ки барои равуои шумори зиёди мусофирон пешбинӣ шудааст ва он барои одамони имконияташон маҳдуд низ бароҳату қулай мебошад».

Бино ба маълумоти, КВД «Душанбенақлиётхадамотрасон», айни замон 76 троллейбус, беш аз 200 автобус ва зиёда аз 2 ҳазор микроавтобус барои мусофиркашонӣ ба роҳҳои пойтахт баромада, ба сурати умум дар пойтахт дар ду баст 2221 адад воситаи нақлиёти мусофиркаш хизматрасонӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.