Ифтитоҳи 18 намояндагӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти намояндагиҳои ҳарду кишвар дар сарҳади давлатиро ба имзо расонид. Дар Созишномаи зикршуда ифтитоҳи 18 намояндагӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст. Муовини раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба вакилони мардумӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки Ӯзбекистон 11 намояндагӣ ва Тоҷикистон – […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти намояндагиҳои ҳарду кишвар дар сарҳади давлатиро ба имзо расонид.

Дар Созишномаи зикршуда ифтитоҳи 18 намояндагӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Муовини раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба вакилони мардумӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки Ӯзбекистон 11 намояндагӣ ва Тоҷикистон – 7 намояндагӣ боз мекунад.

Намояндагиҳо дар сарҳад бевосита дар маҳалҳо фавран баҳсу мухолифатҳои бамиёномадаро ҳаллу фасл месозанд.

Ғайр аз ин, вакилон имрӯз Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бораи ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар соҳаи гумрук низ тасдиқ намуданд.

Дар Созишномаи мазкур табодули маълумот миёни ҷонибҳо ва маълумоти оморӣ байни мақомоти гумруки ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.