Пирӯзии дубораи «Истиқлол» бар «Олой» ин дафъа дар меҳмонӣ

Дар доираи марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2018 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бори дуюм бар тими «Олой»-и Ош (Қирғизистон) дастболо шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфта, голҳоро аз дастаи «Истиқлол» футболбозон Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов ва Дилшод Восиев ба ҳадаф расониданд. Ҳамин тариқ, бо касби 10 имтиёз дастаи […]

Дар доираи марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2018 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бори дуюм бар тими «Олой»-и Ош (Қирғизистон) дастболо шуд.

Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфта, голҳоро аз дастаи «Истиқлол» футболбозон Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов ва Дилшод Восиев ба ҳадаф расониданд.

Ҳамин тариқ, бо касби 10 имтиёз дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2018 пешсаф аст. Дар бозии аввали ин дастаҳо санаи 11 апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор «Истиқлол» бар «Олой» бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуда буд.

Дар давраи навбатии рӯзи 1 май «Истиқлол» дар Ашқобод бо дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Туркманистон – «Аҳал» бозӣ карда, дар даври ниҳоӣ санаи 16 май дар майдони худ тими «Олтин Асир» – чемпиони Туркманистонро қабул мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.