Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии даври финалии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 байни мунтахабҳои футболи наврасони то 16-сола доир мегардад, ки мунтахаби Тоҷикистон низ аз ҳарифони худ дар гурӯҳ огаҳӣ пайдо мекунад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: […]

АНОНС

– Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии даври финалии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 байни мунтахабҳои футболи наврасони то 16-сола доир мегардад, ки мунтахаби Тоҷикистон низ аз ҳарифони худ дар гурӯҳ огаҳӣ пайдо мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8932 сомонӣ;

1 евро – 10.8381 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1431 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1966 – Дар Тошканд заминларза рух дода, маркази шаҳр хароб гардид.

1986 – Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил, ки яке аз фалокати мудҳиштарини ҳастаӣ дар олам маҳсуб меёбад.

2005 — Дар Душанбе бо иштироки ситораҳои эстрадаи кишварҳои узви ИДМ ба муносибати 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ консерт доир гардид.

1935 – Зодрӯзи доктори улуми фарҳангшиносӣ, профессор Маннон Рӯзиев.

1952 – Мавлуди шоир Қувват Давлат.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +16+21.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +26+28.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +22+24.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.