Press Freedom Index 2018: Тоҷикистон дар мақоми 149-ум

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» рейтинги ҳамасолаи озодии матбуотро нашр кард. Дар Press Freedom Index 2018 мавқеи Тоҷикистон иваз нашуда, чун соли пешин миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор дорад. Вазъи озодии матбуот дар кишварро «Хабарнигорони бидуни марз» «мушкил» арзёбӣ кардаанд. Тоҷикистон муддати ду сол аст, ки баъди Русия дар ин мақом қарор дорад. Русия […]

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» рейтинги ҳамасолаи озодии матбуотро нашр кард.

Дар Press Freedom Index 2018 мавқеи Тоҷикистон иваз нашуда, чун соли пешин миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор дорад. Вазъи озодии матбуот дар кишварро «Хабарнигорони бидуни марз» «мушкил» арзёбӣ кардаанд.

Тоҷикистон муддати ду сол аст, ки баъди Русия дар ин мақом қарор дорад. Русия дар зинаи 148-уми рейтинг ҷойгир аст.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ вазъи озодии матбуот аз ҳама беҳтар дар Қирғизистон арзёбӣ шудааст, ки дар зинаи 98-ум ҷойгир аст, ҳарчанд соли гузашта ин кишвар дар мақоми 89 қарор дошт. Ӯзбекистон зинаи 165-ум, Қазоқистон – 158 ва Туркманистонмақоми 178-умро касб кардаанд.

Сегонаи пешсафи рейтинг кишварҳои Аврупо Шимолӣ – Норвегия, Шветсия ва Голландия буда, Олмон зинаи 15-ум, Канда – 18, Фаронса – 40 ва ИМА – мақоми 45-умро ишғол кардаанд. Чин дар мақоми 176-ум қарор дошта, дар зинаи охири 180-ум Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҷойгир аст.

Рейтинги мазкур бар асоси таҳлили ҷавобҳои журналистон ва ҷомеашиносон аз кишварҳои гуногун ба саволҳои анкетаи махсуси аз ҷониби созмон таҳияшуда тартиб дода мешавад. Саволҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба кори журналистон – қонунгузорӣ, худсензура, мустақилияти расона, гуногунандешӣ, омодагии ниҳодҳо ва идорахои гуногун ба кор бо рӯзноманигорон ва ғайраро фаро мегирад.

Ғайр аз ин, як қатор нишондиҳандаҳои иловагии дигар, аз ҷумла шумори куштори журналистон, рӯзноманигрони маҳкумшуда, ҳамчунин шумори ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудани блогернависон ва ёварони журналистон низ ба инобат гирифта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.