Ҳудуди ним млрд. сомонӣ ҷарима барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон

Соли гузашта маблағи ҷаримаҳо барои риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон наздики 476 млн. сомониро ташкил дод. Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2017 ва семоҳаи аввали соли равон дар роҳҳои кишвар наздики 1 млн. 500 ҳазор қонуншиканиҳо ба қайд […]

Соли гузашта маблағи ҷаримаҳо барои риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон наздики 476 млн. сомониро ташкил дод.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2017 ва семоҳаи аввали соли равон дар роҳҳои кишвар наздики 1 млн. 500 ҳазор қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ва тӯли се моҳи ҳамин сол дар роҳҳои пойтахт камераҳои мушоҳидаи видеоии «Шаҳри бехатар» беш аз 301 ҳазор вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагонро сабт кардаанд.

«Маблағи умумии ҷаримаҳо дар Душанбе барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ин давра 30 млн. 400 ҳазор сомониро ташкил дод», – қайд кард муовини вазир.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар пойтахт 31 октябри соли 2014 мавриди амал қарор гирифта, дар доираи он дар тамоми роҳҳои пйтахт 870 адад камераҳои сабти видеоӣ насб шудаанд.

Маблағи амалисозии лоиҳа 22 млн. доллар арзёбӣ шуда, аз ин миқдор 20,9 млн. доллар – қарзи дарозмуҳлати Чин ва боқимонда 1,1 млн. доллар ҳиссаи Тоҷикистон аст. Зикр гардида буд, ки муддати 20 сол ин қарз аз ҳисоби ҷаримаҳои пардохтшуда барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пардохта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.